Дар рӯзҳои аввали соли нав дар назди корхонаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Наманган пахта текс» корхонаи нави истеҳсоли равған ба кор оғоз намуд.
Истеҳсоли маҳсулоти хушсифату арзону барои истеъмол бехатар ва бо ин мавод пурра таъмин намудани бозори истеъмолӣ, такмилу рушди рақобати солим байни корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла афзоиш додани корхонаҳои равғанистеҳсолкунӣ яке аз талаботи муҳими рӯз ба шумор меравад.
Дар рӯзҳои аввали соли нав дар назди корхонаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Наманган пахта текс» корхонаи нави истеҳсоли равған ба кор оғоз намуд. Барои бунёду насбии таҷҳизоти технологии истеҳсоли равған беш аз 30 миллиард сӯм аз ҳисоби инвеститсияи дохилӣ сарф шуда, 110 нафар эҳтиёҷмандон бо кор таъмин шуданд.
– Бо шурӯи фаъолияти лоиҳаи мазкур соле ба коркарди 118 ҳазор тонна пунбадона, истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна равғани хушсифати пахта, 9 ҳазор тонна шрот ва 5,5 ҳазор тонна кунҷора имконият ба вуҷуд омад, – гуфт роҳбари корхона Лутфулло Эгамбердиев.
Абдулло ЗАРИПОВ,
ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон.