Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ ва умури муҳоҷирони Урдун Айман Сафадӣ мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар, ду ҳуҷҷати муҳим ба имзо расид:
Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба вуруди бидуни раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ;
Барномаи ҳамкории муштарак байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои солҳои 2025-2027.
«Дар мулоқоти мо ба ворид кардани динамикаи нав ба муносибатҳои дуҷониба диққати махсус дода шуд. Бешубҳа, мо барои амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак имкониятҳои бузург дорем. Масоили рушди робитаҳои иқтисодӣ, афзоиши ҷараёни сайёҳон, таҳкими робитаҳо байни шаҳрҳои бародар ва мардумони ҳарду кишвар, инчунин тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор гирифт», — навиштааст роҳбари ВКХ дар канали Телеграми худ.