Қувваи барқи тавассути панелҳои офтобӣ истеҳсолшуда бо нархи 1000 сўм харида мешавад

Барои ҳар як киловатт соати неруи барқи аз эҳтиёҷоти худ зиёдатии аҳолие, ки панелҳои офтобӣ насб кардаанд, 1000 сўм ҳамчун субсидия дода мешавад, яъне давлат онро бо ҳамин нарх мехарад.

Гуфта мешавад, ки барои дарёфти ин субсидия, шахс бояд тавассути барномаи мобилии "Солиқ" сабти ном шавад.

Ҳар як киловатт неруи барқе, ки тавассути неругоҳҳои офтобӣ, бодӣ ва биогазии соҳибкорон истеҳсол мешавад, бо нархи 720 сўм харида мешавад. Барои бастани шартнома, бояд ба филиалҳои шаҳрӣ ё ноҳиявии "Ҳудудий электр тармоқлари" муроҷиат кард.

Илова бар ин, маблағи субсидияро тавассути барномаи мобилии "Солиқ" дар бахши "Кешбек ва имтиёзҳо" ва қисмати "Қуёшли хонадон" дар равзанаи "Картага пул ўтказиш" ба корти бонкӣ интиқол додан мумкин аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: