Эрон силоҳҳои нави худро намоиш дод

Ба Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён мушаки нави баллистикии "Этимод" ва низоми мудофиаи ҳавоии "Бовар 373" намоиш дода шуд.

Тибқи иттилои Tasnim, муаррифӣ дар намоишгоҳи Ташкилоти кайҳонии Вазорати мудофиаи Эрон баргузор гардид.

Ба гуфтаи манбаъ, низоми нави дифои зиддиҳавоӣ қобилияти мушоҳидаи 60 ҳадаф ва ҳамзамон кор бо 6 ҳадафро дошта, масофаи он то 300 километр мерасад.

Ҳамчунин, аввали ҳафтаи ҷорӣ, Эрон наворҳоеро аз пойгоҳи зеризаминии мушакҳои қанотдори худ нашр кард ва мушаки "Қадр 380"-ро муаррифӣ намуд, ки қодир аст ба ҳадафҳое, ки дар масофаи зиёда аз 1000 километр ҷойгиранд, зарба занад. Барои идоракунии ин мушак танҳо як нафар лозим аст.

Дар моҳи январ, Корпуси посдорони инқилоби исломии Эрон аз ду пойгоҳи низомии зеризаминӣ хабар дод, ки яке аз онҳо ба неруи баҳрӣ хизмат мекунад. Илова бар ин, дроне бо номи "Ғазо" намоиш дода шуд, ки метавонад то 13 кулоҳакҳои ҷангии тактикӣ-ро бо масофаи 4 000 километр интиқол диҳад.

Тақдимот дар остонаи 10 феврал, ки ба рӯзи Инқилоби исломии соли 1979 рост меояд, баргузор шудаанд, хабар медиҳад report.az.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: