БУХОРО: ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР РОҲИ КОҲИШИ КАМБИЗОАТӢ

Мақсади асосии ислоҳот дар мамлакати мо маҳдудсозии камбизоатӣ ва афзун гардондани фаровонии аҳолии мамлакат аст. Аз ин рӯ, бо ташаббуси сарвари давлат баҳри беҳтарсозии тарзи зиндагии халқамон ҷараёни корҳо вусъат меёбад.

Омӯхтани вазъи корҳо вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, накӯаҳволии мардум ва дастгирии иҷтимоии оилаҳои эҳтиёҷманд имконият медиҳад, ки баҳри маҳдудсозии камбағалӣ дар мамлакат чун асос, омили илмӣ хидмат кунад. Аз бозе, ки дар мамлакат мавҷуд будани табақаи камбизоати аҳолӣ бори аввал расман эътироф гардид, баҳри маҳдудсозии он корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд.

Дар тамоми вилоят бо оилаҳо, ҷавонон, бонувони эҳтиёҷманд низоми нави корбарӣ: «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон», «Дафтари ҷавонон» ҷорӣ гардид. Дар натиҷа бо онҳо корҳои бонизом сурат мегирад. Аз ҷумла, дар вилоят дар ҳолати 1 январи соли 2024 54,4 ҳазор оилаи камбизоат ва 239,5 ҳазор нафар аъзоёни онҳо мавҷуд бошанд, ин нисбати шумораи умумии аҳолии вилоят ба 11,8 фоиз баробар аст. Дар ҳолати 1 сентябри соли гузашта 32,3 ҳазор оила, инчунин 1067 ҳазор нафар аъзоёни он аз сафи камбизоатон хориҷ гардидаанд. Ба 11,1 ҳазор нафар шаҳрвандон кредитҳои имтиёзнок, ба 1,3 ҳазор нафар субсид ҷудо гардид, 15,8 нафар соҳиби кори доимӣ шуданд, 3,9 ҳазор нафар бо роҳи ҷалбшавӣ ба таълими касбу ҳунар ва соҳибкорӣ бо шуғл фаро гирифта шуданд.

Ҳамин тариқ, беш аз 50 ҳазор оилаи камбизоат (шумораи умумии аъзоёни оилаашон 215,1 ҳазор нафар) ба қайд гирифта шудааст.

Дар вилоят бо мақсади маҳдудсозии камбизоатӣ дар марҳилаи аввал ба 8544 оилаи камбизоат аз 1378 ташкилоти шаҳру ноҳияҳо ва 122 ташкилоти вилоят роҳбарону соҳибкорон вобаста гардидаанд. То охири сол бобати бо кор таъмин кардани бекорони оилаҳои камбизоат, дастгирии лоиҳаҳои соҳибкорон, муолиҷаи бемузди беморон, инчунин кумакрасонӣ ба масъалаҳои таълимгирии онҳо баробари ин аз ҳисоби беҳтар гардондани инфрасохтори маҳаллаҳое, ки оилаҳои камбизоат зиндагӣ мекунанд, сатҳи камбизоатӣ нисбат ба аввали сол то 4,5 фоиз маҳдуд гардонда шуда 7,3 фоизро ташкил мекунад.

***

Бояд таъкид намуд, ки бо додани маблағ, пул, хӯрокворӣ ҳал кардани масъалаи маҳдудсозии камбизоатӣ аз имкон берун аст. Бо мақсади беҳтарсозии шароити зиндагии аҳолӣ дар маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳо вазифаи ёвари ҳоким созмон ёфтааст. Инчунин дар доираи «Барномаи давлатии омода намудани ҷойҳои нави корӣ ва ба масъалаи бошуғлфарогирии аҳолӣ кумак расондан» ҷараёни ба кор таъминкунии муҳоҷирони меҳнатии аз хориҷа баргашта, бо роҳи ба таълими касбӣ ҷалбкунӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона кардани онҳо сурат мегирад. Дар соли гузашта дар вилоят бобати афзоиш додани шумораи бо шуғл фарогирифташудагон, рушдёбии таносуб ва инфрасохтори бозори меҳнат ва коҳиш додани бекорӣ корҳои назаррас ба сомон расидааст. Аввали сол шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли вилоят 858,8 ҳазор нафар буда, 803,2 ҳазор нафари онҳо бо шуғл фаро гирифта шудааст. Илова ба ин, дар давоми сол 22 ҳазор нафар хатмкунандагони мактабҳои олӣ, миёнаи махсус, миёна, инчунин бештар аз 70 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба бозори меҳнат даромадаанд.

Дар вилоят бо мақсади бо шуғл фарогирии аҳолӣ бо назардошти истифодабарии оқилона аз имкониятҳое, ки бо шарофати ғамхории сарвари давлат ба вуҷуд омадааст, нақшаҳои мушаххас таҳия гардидааст. Хусусан, мувофиқи Қарори Президент аз 9 январи соли 2024 «Дар бораи Барномаи ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва кумакрасонӣ ба бо шуғл фарогирии аҳолӣ дар соли 2024» дар вилоят (мобайни сол) созмон додани 209395 ҷои нави кор дар назар дошта шудааст.

Бо мақсади маҳдуд гардондани бекорӣ дар вилоят, кумакрасонӣ ба аҳолӣ оиди бо шуғлфарогирӣ, ҳифзи иҷтимоии онҳо дар муддати даҳ моҳи гузаштаи соли 2024 аз ҷониби идораҳои меҳнатӣ 54322 нафар шаҳрвандони бекор соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд; 4047 нафар шаҳрвандон ба ҷои кори квотанок соҳиб шуданд; 8025 нафар шаҳрвандони бекор ба корҳои ҷамоатии музднок ҷалб гардиданд.

Истифодабарии самаранок аз қитъаҳои назди ҳавлӣ омили муҳими раҳоёбӣ аз камбизоатӣ ва афзун гардондани даромади хонадон аст. Имрӯз дар ҳамаи гӯшаву канори шаҳру ноҳияҳои вилоят оилаҳоеро пайдо кардан мумкин аст, ки дар ин бора ба дигарон намунаи ибрат ҳастанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Рометан ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бухоро марказий таъминот томорқа хизмати», шӯрои хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлӣ якҷоя бо Иттиҳоди маҳаллаҳо чораю тадбирҳои заруриро амалӣ месозанд. Имрӯз ба оилаҳои камбизоати бедаромад сохта додани гармхонаҳои хурде, ки бесӯзишворӣ ҳарорати мӯътадил ҳосил мекунад, ранги оммавӣ мегирад. Аз ҷумла корхонаи чиннии «Jing Reng Guaji» (дар шакли ҷамъияти масъулияташ маҳдуд) бо ташаббуси сохтани гармхонаҳои духолии қиматашон 9 миллион сӯмӣ ба майдон баромадааст. Ҳоло ин корхона дар Маркази таълими касбу ҳунари маҳаллаи «Навбаҳор»-и ноҳия ба тарзи намунавӣ ба сохтани 250-то гармхона пардохтааст.

Ҳоло дар ноҳия аз ҷониби 155-то субъекти соҳибкории минтақаҳои озоди иқтисодии «Бухоро-Агро» дар 300 гектар майдон хоҷагиҳои гармхонавӣ сохта шуда, дар онҳо вобаста ба мавсим сабзавот, маҳсулоти полиз рӯёнда мешавад.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: