Сарҳади “Гишткӯприк” ба муддати муайян баста мешавад

Пункти назоратӣ-гузаргоҳи «Ғишткӯприк» дар марзи Ӯзбекистон ва Қазоқистон аз 5 феврали соли 2025 ба муддати чор моҳ муваққатан баста мешавад. Дар ин бора Кумитаи гумрукии Ӯзбекистон хабар додааст.

Дар ин муддат корҳои сохтмону азнавсозӣ дар пост ба нақша гирифта шудааст. Ҳаракати шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт ба сарҳади“Навоӣ” равона карда мешавад.

Маҳдудиятҳо бо мақсади анҷоми марҳилаи ниҳоии таъмир ва бозсозии васеи ин гузаргоҳ ҷорӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, демонтажи биноҳои муваққатӣ, ободонии минтақа ва сохтмони инфрасохтори зарурӣ дар минтақаи ҳаммарз пешбинӣ шудааст.

Аз 5 феврали соли 2025 ҳаракати шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт тавассути гузаргоҳи «Ғишткӯприк» ба гузаргоҳи «Навоӣ» равона карда мешавад!

Гузаргоҳи нави «Навоӣ», ки бо усули муосир сохта шудааст, дар ноҳияи Тошканди вилояти Тошканд ҷойгир буда, ба гузаргоҳи «Ғишткӯприк» наздик аст.

Барои фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҳаракати шахсони воқеӣ, мошинҳои сабукрав ва автобусҳо, ҳаракати мошинҳои боркаш дар гузаргоҳи «Навоӣ» маҳдуд карда мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: