Президент Шавкат Мирзиёев 3 феврал бахшида ба рафти татбиқи чораҳо оид ба таъмин намудани шуғли аҳолӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ҷамъомад баргузор намуд.
Қаблан, дар ҷаласаҳои моҳи декабр ва январ вазифаҳои асосӣ дар ин самтҳо муайян шуда буданд. Сарвари давлат махсус таъкид кард, ки соли 2025 бояд дар ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ соли ҳалкунанда гардад.
Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ бо ҷойи кор таъмин намудани 5,2 миллион нафар, аз камбизоатӣ баровардани 1,5 миллион нафар шаҳрвандон, ҷалби 42 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва афзоиш додани ҳаҷми содирот ба беш аз 30 миллиард доллар пешбинӣ шудааст.
Дар ҷараёни ҷамъомад дар бораи корҳои анҷом додашуда ва натиҷаҳои мобайнӣ маърӯзаҳо шунида шуданд.
Тибқи маълумот, дар моҳи январ 277 ҳазор нафар бо кор таъмин карда, аз онҳо 91 ҳазор соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд, 153 ҳазор нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ шурӯъ карданд.
Барои коҳиши камбизоатӣ 32 усули нав ҷорӣ мегарданд. Чанде пеш гурӯҳҳои мутахассисон аз вазоратҳо ва ҳокимиятҳо барои омӯзиш ва мубодилаи таҷриба ба Чин сафар карданд. Ҳоло дар маҳалҳо ба аҳолӣ имкониятҳои мавҷуда фаъолона фаҳмонида шуда, барои пайдо кардани манбаъҳои даромад кӯмак расонида мешавад.
Фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва ҷалби сармояҳо бо ҳам робитаи зич доранд. Имсол татбиқи 8 ҳазор лоиҳа ба маблағи 14 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст, ки боиси созмон додани 272 ҳазор ҷойи кори доимӣ мегардад.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, соли гузашта ба кишвар 3 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд. Дар моҳи феврал низ интизор меравад, ки ҳамин миқдор сармоя ворид гардида, 630 лоиҳаи нав ба фаъолият оғоз мекунанд.
Дар ҷаласа махсус таъкид шуд, ки суръати корҳои сармоягузорӣ бояд ба таври назаррас тезонда, ба ҳар як лоиҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Аз аввали сол ҳаҷми содирот 1,3 миллиард долларро ташкил додааст. Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки бо ҳамкории шарикони хориҷӣ ба соҳибкорон барои баромадан ба бозори байналмилалӣ кӯмак расонанд ва корхонаҳои навро ба фаъолияти содиротӣ ҷалб намоянд.