ДОНИШМАНДИ ФИҚҲ, ТАРҶУМОНИ ҚУРЪОНИ КАРИМ

Вақте сухан дар бораи донишмандони барҷастаи фиқҳ дар рӯзгори мо рафт, ҳамватанонамон дар навбати аввал номи Шайх Абдулазиз Мансурро ба забон меоранд. Чанде пеш доираҳои илмиву идораҳои динӣ бо ширкати ҷомеаи васеъ 80-солагиашро таҷлил карданд.

Алъон ба зинаи ҳаштодуякуми умр қадам ниҳода бошад ҳам, нури зиндадилӣ, як шуҷоати ба ҷавонмардон хос ҳамон дар гунааш мавҷ мезанад. Ин шояд бо шарофату файзи илме, ки сарчашмааш покист, бо баракоти донише, ки ҳаётбахш метобад.

Вай дар деҳаи Миндони ноҳияи Фарғона (он айём ноҳияи Олтиариқ) ба дунё омадааст. Соли 1961 мактаби миёнаро ба итмом расонд. Бо донишу биниши амиқи филологӣ метавонист ба ягон мактаби олии бонуфуз дохил шавад, вале шароити оилавӣ ва сабабҳои дигар имкон надод донишҷӯ шавад. Солҳои 1964-1967 дар артиш хидмат намуд. Баъди бозгашт ба зодгоҳ дар ташкилотҳои гуногун фаъолият бурд. Ба омӯзиши илмҳои динӣ, ки аз бачагӣ шавқи ҷудогона дошт, рӯзона кор кунад, шабҳо китобҳои исломиро варақ мезад, назди уламо мерафт, сабақ мегирифт. Вале ин аз назари мақомоти маҳаллӣ пинҳон намонд, ӯро ба тазйиқ гирифтанд. Маҷбур шуд деҳаро тарк кунад.

Солҳои 1975-1979 дар Донишкадаи исломии Тошканд ба номи Имом Бухорӣ таҳсил гирифт. Ҳанӯз донишҷӯ буду дараҷаи дониши диниаш аз баъзе устодон баландтар. 

Ӯро муфтии Назорати динии Осиёи Миёна ва Қазоқистон Шайх Зиёвуддинхон ба ҳузур хонд, ҳамсуҳбат шуд ва таклиф намуд ба мадрасаи Мири Араб равад ва мударрисӣ намояд. Таклифи ҳазрати муфтиро пазируфт ва то соли 1979 дар мадраса мударрисӣ кард. Соҳиби маълумоти олӣ низ гардид, вале донише, ки андӯхт, ӯро қаноатманд насохт. Дониши илмиашро дар Дорулфунуни ислом ба номи Умми Дурмони Судон такмил дод. Вале ҳамон ором намегирифт ва ҳамеша саъй мекард ҷаҳонбинии диниашро тавсеа бахшад. Аз суҳбату сабақи уламо бархурдор мегашт.

Ӯ то соли 1997 ба сифати мудири шуъбаи фатво ва масҷидҳои Идораи мусулмонон ва мудири нашриёти динӣ фаъолият бурд.

Тавре Ҳайдархон Йӯлдошхӯҷаев дар «Уламои Ӯзбекистон» қайд мекунад, Абдулазиз Мансур зимни ин ҷараён дар омодасозии лоиҳаҳои фатвоҳои идора фаъолона иштирок намудааст. Вай баробари ин дар мавзӯъҳои маънавию маърифатӣ мақолаҳои зиёд ба дарҷ мерасонад, дар анҷуманҳои байналхалқӣ баромадҳо менамояд, ба китобҳое, ки дар мавзӯи динианд, муҳаррирӣ мекунад.

Солҳои 1997-1998 ба сифати мудири шуъбаи кор бо ташкилотҳои динии Кумитаи корҳои дини назди Девони Вазирон фаъолият бурд. Солҳои 1998-2000 Мушовири давлатии Президент оиди муносибатҳои байнимиллӣ ва корҳои динӣ буд. То соли 2006 дар Донишгоҳи исломии Тошканд ба ҳайси проректор адои вазифа кард. 

Соли 2019 ҷонишини директори Маркази сивилизатсияи исломӣ таъин гашт. Дар ин ҷо низ дар омӯзиши мероси амиқу ғановатманди алломаҳои бузург, ки ба равнақи илмҳои дини ислом ҳиссаи беқиёс гузоштаанд, саҳми муносиб ҳамроҳ менамояд.

Падидаҳои илмие, ки онҳо асос гузоштаанд, дар марказ барқарор мегардад ва рушд меёбад.

Соли 2011 дар анҷумани илмию амалии «Забони арабӣ ва ҳамқадамии он ба замон» дар Мадина баромади Шайх Абдулазиз Мансур баҳои баланд гирифт. Донандаи барҷастаи забони арабӣ буданашро вай ба тасбит расонд. Ба нутқи фасеҳи ӯ иштирокдорон аз наздик 30 кишвари араб мафтун монданд ва гуфтанд, мо, арабҳо, аз ин гуна уламо бояд ба забони модариамон зебою равон сухан ронданро омӯзем.

Аз маърӯзаҳои баландпояи илмиву таълимиаш айни замон донишҷӯён аз як қатор муассисаҳои таълими олии динӣ баҳраманд шудаанд. Сабақҳояш аз тафсир, ҳадис, фиқҳ, ақоид, балоғат барин фанҳо ҳамеша мароқангезанд.

Ӯ узви Академияи фиқҳи ислом дар ҳузури Созмони ҳамкории ислом, узви ҳайати уламои мусулмонони байналхалқӣ дар ҳузури Иттиҳодияи олами ислом мебошад. Муаллифи даҳҳо китобҳои баарзиши динӣ бо забонҳои гуногун аст. «Ҳадисҳо доири ахлоқу одоб», «Сабақҳои нахустини мусулмонӣ», «Қавоиди ибодати ҳаҷ», «Ислом–алайҳи гиёҳмандӣ», «Матнҳои ақоид», «Феҳристи дастнависҳо оиди тариқати Нақшбандия», «Ҳазору як фатво» барин китобҳои ӯ ба сифати китобҳои рӯйимизии диниву маърифатӣ эътироф шудаанд. 

Вай ба сифати мутарҷим низ хидмати сазовор менамояд. Адабиётҳои зиёди динӣ-маърифатиро аз арабиву форсӣ ба ӯзбекӣ баргардондааст. Аз ҷумла «Ҳазору як ҳадис», «Унвон-ул-баён», «Атвок-уз-заҳаб» барин маҷмӯаҳоро ба ӯзбекӣ тарҷума намудааст. Хусусан «Тарҷума ва тафсири маъноҳои Қуръони карим» самараи меҳнати пурмашаққати чандинсолаи ӯст.

Вақте хостанд Қуръонро бо забони содатар ба русӣ гардонад, ба фикр рафт. Ба ҳолу ҷонаш нагузоштанд ва гуфтанд: «Метавонед!»

Назар ба маълумотҳо, Қуръони карим дар Русия ва берун аз он 16 маротиба ба русӣ тарҷума шудааст. Вале давр водошт аз нав масъалаи баргардониши он ба миён гузошта шавад. Абдуалазиз Мансурро лозим омад шабу рӯз аз пайи ин кор шавад. Тавре иқрор мешавад, маҳз бо меҳрубониву мадади Парвардигор ин кори масъулиятталаб ба амал бароварда шуд. Вай матнҳои арабӣ бо шарҳҳои кӯтоҳро бевосита ба русӣ баргардонд ва аз ӯҳдаи супориш баромад.

Чанд сол пеш аз ҷониби Маркази сивилизатсияи исломӣ маросими рӯнамоии китоби «Коран. Краткий комментарий» баргузор гардид. Таъкид гашт Қуръони карим барои худшиносии башарият, тарбияи инсон дар оила ва ҷамъият муҳимтарин дастуруламал аст. Тарҷумаи он ба русӣ ба сиёсати кушодадилӣ ва ҳамҷиҳатӣ дар мамлакатамон ҳамоҳанг мебошад. Дар таҳрири ин китоби баарзиш докторҳои илм Гулхумор Тӯйчиева ва Аҳадҷон Ҳасанов, профессор Убайдулло Уватов саҳм гузоштанд.

Тавре худи қаҳрамони лавҳаи мо нақл мекунад, ҳанӯз овони мактабхонӣ асарҳои Навоиро (15 ҷилд) пурра хонда баромада буд. Маълум, ки нисфи бештари таркиби луғавие, ки Навоӣ истифода кардааст, арабию форсист. Аз ин рӯ хонандаи мактаб дар дарки осори шоири бузург душворӣ мекашид. Худи ҳамон солҳо азм карда буд арабию форсиро омӯзад. Азмаш, ки қавӣ буд, аз ӯҳдаи ин кор баромад.

Ҷуз ин ҳанӯз асное мактаби миёнаро хатм кард, забони русиро хуб медонист. Муаллими забони русиашон дар мактаб Александр Беляев хеле хушхат будааст. Ба вай тақлид карда, дар хушхатӣ ном баровард. Муаллим дафтари ӯро ба ҳама нишон медод ва мегуфт: «Нигаред, хаташ аз хати ман зеботар, шумо ҳам ин тавр навиштан, ин хел дарс хонданро ёд гиред!»

Аскарии ӯ дар яке аз шаҳрҳои зимистонаш қаҳратуни шимол сипарӣ гашт. Бинобар забони русиро хуб донистанаш ҳам азоб накашид ва ба эҳтироми фармондеҳон сазовор гашт. Вале дар хаёл надошт рӯзе тарҷумаи Қуръони карим ба русиро ба зиммааш мегузоранд ва ӯ ба бовари онҳо сазовор мегардад.  

Вай, ки ба рутбаи олии «Шайх» сазовор шудааст, яке аз чеҳраҳои намоёни ислом ва шахсиятҳои маъруф дар ҷумҳурӣ мебошад. Ӯро бо эҳтироми том «Ҳазрат» низ меноманд ва агар имкон даст дод, ба гирифтани дуо ва суҳбаташ ҷазм мекунанд. Ҳазрат хоксор аст ва ба ҳар кӣ бо меҳрубонӣ муносибат мекунад. Вохӯриҳо бо ӯ фаромӯшнопазир сурат мегиранд. Вай дар фуроварди ҳар баромад таъкид месозад ба ҳар даме, ки Худо дод, аз шароиту имкониятҳое, ки фароҳаманд, бояд шукргузор бошем. Аҳли илму ирфон ливобардор ва ташаббускори корҳои наҷиб бошанд, маърифати ислом ва чорабиниҳои фарҳангӣ ба таҳкими имону ихлоси халқи муътақиди мо замина гузорад.

Тараққӣ ёфтани диёри мо ҳам аз нигоҳи модӣ ва ҳам маънавӣ ба ҳавас кардан меарзад. Мисле нозилшавии файзу баракоти илоҳӣ ба боз ҳам ободгардии ин Ватани озод ва баркамолии халқи меҳнатқарини он мусоидат месозад, мегӯяд вай. 

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: