Имрӯзҳо дар Ӯзбекистон ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Аз ҷумла, барои шаҳрвандоне, ки панелҳои офтобӣ насб мекунанд, барномаҳо ва имтиёзҳои гуногуни давлатӣ ҷорӣ шудаанд.
Тавре мутахассисон таъкид мекунанд, сармоягузорӣ ба панелҳои офтобӣ дар муддати дароз худро пурра рӯйпӯш мекунад ва метавонад манбаи устувори даромад бошад.
Нурматҷон Абдуллоев, сокини ноҳияи Қӯштеппаи вилояти Фарғона, аз ин имконият истифода бурда, дар манзили худ панелҳои офтобӣ насб кард. Дар натиҷа, ӯ на танҳо хароҷоти барқи худро коҳиш дод, балки изофаи неруи барқро ба давлат фурӯхта, даромади иловагӣ ҳам ба даст овард.
– Дар аввал барои озмоиш панелҳои офтобии иқтидораш 10 кВт насб кардем, – мегӯяд ӯ. – Ба мутахассисон муроҷиат намуда, маслиҳатҳои заруриро гирифтам. Баъд аз насби таҷҳизот, онҳо тарзи кори он ва ҳисобу китоби неруи барқро фаҳмонданд. Вақте ки ба барномаи “Хонадони офтобӣ” пайвастам, ҳар моҳ аз 800 ҳазор то 1 миллион сӯм даромад гирифтанро оғоз кардам. Баъд қувваи панелҳоро ба 50 кВт расонидам ва дар натиҷа, дар давоми 6 моҳ зиёда аз 28 миллион сӯм фоида ба даст овардам.
Дар айни ҳол, Нурматҷон Абдуллоев изофаи неруи барқро ба давлат фурӯхта, даромади иловагӣ мегирад. Ба гуфтаи ӯ, панелҳои офтобӣ на танҳо фоидаи иқтисодӣ меоранд, балки устувории таъминоти неруи барқро низ таъмин мекунанд.
Мутахассисон қайд мекунанд, ки таҷрибаи Нурматҷонака метавонад барои он шаҳрвандоне, ки ҳанӯз дар мавриди истифодаи неруи офтобӣ шубҳа доранд, намунаи хуб бошад. Ҳукумати кишвар барои насби панелҳои офтобӣ дар манзилҳо имтиёзҳо ва барномаҳои қарзии гуногун пешниҳод мекунад. Ин ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки бо хароҷоти кам мушкилоти таъминоти барқро ҳал кунанд, хароҷоти худро кам намуда, манбаи даромади иловагӣ пайдо намоянд.