Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб ҳамчун ҷойи эҳтимолии баргузории нишасти миёни Президенти ИМА Доналд Трамп ва раҳбари Русия Владимир Путин баррасӣ мешавад.
Раҳбари Иёлоти Муттаҳида изҳор дошт, ки барои мулоқот бо ҳамтои руси худ ҷиҳати ҳарчӣ зудтар хотима додани ҷанги Русия ва Украина омода аст. Оҷонсии хабарии Reuters навишт, ки Путин Трампро бо интихоби дуборааш табрик гуфта, ӯро барои баррасии масъалаҳои Украина ва энержӣ ба музокирот даъват кардааст.
Трамп рӯзи якшанбе таъкид намуд, ки маъмурияти ӯ “барои гуфтугӯ бо ҷонибҳои мухталиф, аз ҷумла бо Украина ва Русия, нақша дорад.”
Шаҳзодаи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон аввалин раҳбари кишвари хориҷӣ шуд, ки пас аз оғози давраи президентии Трамп бо ӯ тамос гирифт. Трамп дар паёми видеоӣ ба Форуми иқтисодии ҷаҳонии Давос Муҳаммад бин Салмонро “ҷавони аҷиб” номид.
Путин соли 2023 ба Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб сафар карда, аз Муҳаммад бин Салмон барои мусоидат дар табодули бузургтарини маҳбусон миёни ИМА ва Русия баъд аз ҷанги сард изҳори сипос намуд.
Ҳам Трамп ва ҳам Путин бо ҳокимони Саудӣ ва АМА муносибатҳои дӯстонаро рушд додаанд.
Муҳаммад бин Салмон аз соли 2015, пас аз нахустин сафараш ба Русия, бо Путин робитаи наздик дорад. Ин ҳамкории қавӣ ба роҳбарони ду кишвари бузурги содиркунандаи нафт имкон дод, ки созишномаи OPEК+-ро дар бораи энержӣ ҳифз кунанд. Трамп низ Саудӣ ва OPEК-ро даъват карда буд, ки нархи нафтро поин баранд.
Муҳаммад бин Салмон ва Президенти АМА Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳаён дар ҷараёни ҷанги Украина мавқеи бетарафиро нигоҳ дошта, аз танқид ва эъмоли таҳримҳо алайҳи Русия, ки Ғарб пешниҳод мекард, худдорӣ карданд. Бо ин вуҷуд, раҳбарони ин ду кишвари арабӣ бо Президенти Украина Владимир Зеленский низ тамоси доимӣ доранд.
Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳаён чанд маротиба ҳангоми ҷанг ба Русия сафар карда, дар моҳи октябри соли 2024 дар ҷараёни охирин сафараш барои дастгирии талошҳои сулҳ дар Украина изҳори омодагӣ намудааст. АМА дар табодули маҳбусон низ нақши муҳим бозид.
Ҳарду кишвар аъзои Суди байналмилалии ҷиноӣ нестанд, ки барои боздошти Путин ордер содир кардааст ва сафари ӯро ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Бразилия ва Африқои Ҷанубӣ, маҳдуд намудааст.