Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған дар пасманзари афзоиши зилзилаҳо дар акваторияи баҳри Эгей даъват кард, ки барои ҳолатҳои фавқулода дар Истанбул ва дигар вилоятҳои кишвар омодагии ҷиддӣ гирифта шавад.
Ба гуфтаи ӯ, маъмуриятҳои маҳаллӣ бояд ба ин масъала аҳамияти зарурӣ дода, шаҳрҳоро ба заминларзаи эҳтимолӣ ба воситаи лоиҳаҳои табдили муҳити шаҳрӣ омода созанд.
Эрдоған таъкид кард, ки «ягона роҳи халосӣ ин сохтани шаҳрҳои ба зилзила тобовар дар Туркия, бахусус Истанбул, мебошад», хабар медиҳад gazeta.ru.