Соли 2024 аз шаҳри куҳану ҳамешаҷавони Бухоро беш аз 1 миллиону 745 ҳазор сайёҳони хориҷӣ дидан карданд.
Мероси ғании фарҳангию таърихии Бухорои қадимиву бостонӣ, ёдгориҳои бошукӯҳ ва зиёратгоҳҳои он, ки асрори чандинасринаро дар худ ниҳон доранд, имрӯзҳо нисбат ба ҳарвақта серодамтаранд.
Соли 2024 аз ин шаҳри куҳану ҳамешаҷавон беш аз 1 миллиону 745 ҳазор сайёҳони хориҷӣ дидан карданд ва аз ҳисоби хидматрасонӣ ба онҳо содироти сайёҳӣ ба 436,3 миллион доллари амрикоӣ расид. Ғайр аз ин, ба Бухоро зиёда аз 4 миллион нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо мақсади сайёҳӣ ташриф оварданд.
Соли гузашта бо мақсади баланд бардоштани иқтидори сайёҳии шаҳр 74 иншооти ҷойгиркунӣ, аз ҷумла 17 меҳмонхона, 15 хостел ва 42 меҳмонхонаи оилавӣ ба истифода супорида шуд.
Ҳамчунин, дар натиҷаи ба кор даромадани 43 ширкати туроператори нав дар вилоят шумораи онҳо ба 186 адад расид.