Ин маросим дар Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия ба вуқӯъ пайваст. Дар он вакилони Маъмурияти Президент, Палатаи қонунгузорӣ ва Сенат, мақомоти раҳбарии Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва роҳбарони намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Ноиби Раиси Сенати Олий Маҷлис, ректори донишгоҳ Содиқ Сафоев интишори чунин китобро барои кишварамон ҳамчун ҳодисаи беназири илмӣ-сиёсӣ арзёбӣ намуд.
– Эҷоди китоби «Таърихи дипломатияи Ӯзбекистон» ба шарофати ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев имконпазир гардид, ки зарурати гузаронидани тадқиқоти алоҳидаи илмӣ бахшида ба таърих ва равандҳои ташаккули дипломатияи Ӯзбекистон дар солҳои истиқлолият дар худ акс кунонидааст. Дипломатияи навшудаи Ӯзбекистон дар асоси сабақҳои таърихи наву бостон равобит бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистонро яке аз самтҳои афзалиятнок медонад, – изҳор намуд Содиқ Сафоев.
Намояндаи хоси Президенти Ӯзбекистон оид ба сиёсати хориҷӣ Абдулазиз Комилов қайд намуд, ки китоби «Таърихи дипломатияи Ӯзбекистон» сарчашмаи муҳими илмӣ оид ба дипломатияи муосир ва муносибатҳои байналмилалӣ гардида, барои таҳқиқоти минбаъда дар ин самт замина хоҳад гузошт.
Дар ҷараёни муҳокимарониҳо қайд гардид, ки ин китоб натиҷаи фаъолияти олимони варзидаи кишвар – муаррихону сиёсатшиносон, шарқшиносон, этнографҳо, фарҳангшиносон ва дигар соҳаҳои илм мебошад. Дар ин китоб собиқадорони хадамоти дипломатӣ ва дипломатҳои феълии Ӯзбекистон саҳм гузоштаанд.
Гурӯҳи муаллифони китоб дар бораи ташаккули консепсияи он, раванди мураккаби гирдоварии маводи бойгонӣ, кор дар рӯи асноди нодири таърихӣ, таҳлили амиқи ташаккули мактаби дипломатия дар Ӯзбекистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият то имрӯз ибрози ақида намуданд.
Сафири Қазоқистон дар Ӯзбекистон Бейбут Атамқулов гуфт, ки таърихи дипломатияи Ӯзбекистон бо таърихи халқи қазоқ ҳамбастагии амиқ дорад.
– Хонҳои қазоқ бо хонҳои Бухоро ва Қӯқанд муносибатҳо барқарор намуда, робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсии халқҳои моро инкишоф доданд. Ин анъанаҳо имрӯз, ки Қазоқистону Ӯзбекистон бо саъю кӯшиши муштарак ҳамкориҳоро инкишоф медиҳанд, таҷассум ёфтаанд, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ намунаи ибрат хоҳанд буд, – илова намуд Б. Атамқулов.
Маводи таърихии бодиққат интихоб ва таҳқиқшудаи китоб марҳилаҳои асосии ташаккули дипломатияи мо, рушди он дар робитаи зич бо таърихи миллӣ ва анъанаҳои чандинасра, инчунин тамоюлҳои муосири сохтмони давлатро равшан нишон медиҳанд. Нашрия миқдори зиёди маводи таърихӣ ва асноди нодиреро пешкаш мекунад, ки аз нақши хоси Осиёи Марказӣ дар равандҳои ҷаҳонии фарҳангӣ, таърихӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар китоб доир ба роҳандозии муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, иштирок дар форматҳои бисёрҷониба, форумҳои байналмилалӣ ва саъю кӯшишҳо ҷиҳати афзалиятнок гардонидани ҳамкориҳои минтақавӣ маълумоти муфассал оварда шудааст.
Гуласал ШОКИРОВА,
сармутахассиси Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия.