Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ҷамъомади навбатии Шӯрои адабиёти тоҷик баргузор гардид.
Шоиру нависандагон, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ ва дигарон иштирокдорони чорабинӣ буданд.
Нахуст муовини якуми раиси иттифоқ оид ба корҳои эҷодӣ Минҳоҷиддин Мирзо дар бораи эътибори ҳукумат ба рушди адабиёт, дастгирии шоиру нависандагон, бахусус, эҷодкорони ҷавон ва фаъолияти Шӯрои адабиёти тоҷик дар назди иттифоқ ҳарф зад.
Дар бораи корҳое, ки дар давоми соли 2024 ҷиҳати густариши адабиёти тоҷик амалӣ гардиданд, раиси Шӯрои адабиёти тоҷики назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Хусрав Ҳамидов ҳисобот дод.
Зикр гардид, ки соли сипаришуда низ дар ҳаёти адабиву фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон як соли бобарор буд. Дар давоми сол қариб 60 маҷмӯаи дастаҷамъиву китобҳои алоҳидаи насрӣ, назмӣ ва илмии адибони тоҷики муқими Ӯзбекистон интишор гардид. Инчунин, бахшида ба солгарди шоиру нависандагон, олимони адабиётшинос чорабиниҳои фарҳангӣ, нишасту маҳфилҳои адабӣ гузаронида шуданд.
Дар идома роҷеъ ба назм дар соли 2024 мудири шуъбаи адабиёт ва ҳунари рӯзномаамон Абдулло Субҳон, оид ба вазъи тарҷума ва асарҳои публитсистӣ сарвари бахши тоҷикии шуъбаи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Асадуллоҳ Шукуров, дар бораи насри бадеӣ дар тӯли сол адиби ҷавон Фаридуни Фарҳодзод маълумот доданд.
– Дар тӯли даҳсолаҳои охир дар кишварамон ҳавзаи адабии наве бо номи ҳавзаи адабиёти тоҷик ташаккул ёфт, – гуфт А.Субҳон. – Баҳри муаррифии маҳсули эҷоди онҳо дар ҷумҳурӣ нашрияҳое бо номҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар» ва маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» арзи ҳастӣ мекунанд. Метавон гуфт, ки соли сипаригардида барои адибони тоҷики кишвар соли пурбор буд. Дар давоми сол танҳо дар бахши назм беш аз 20 китоби шоирон тариқи нашриётҳои гуногун рӯйи чоп омаданд, ки маҷмӯаҳои шеърии «Даҳ пурсишу даҳ посух»-и Паймон, «Қасидаи Ватан» ва «Манзараи Обишир»-и Муҳаммад Шодӣ, ҷилди якуми «Куллиёт»-и Абдуллоҳи Раҳмон, «Ақли бунафш»-и Ҷаъфар Муҳаммад, «Фарди фардо»-и Расулбеки Аҳмадзод, «Садои ошно»-и Дилошӯб (Ӯғилой Ҷӯрабоева) ва ғайра аз ин ҷумлаанд.
Нотиқон ҳамзамон пешниҳодҳои худро аз рӯйи вусъат додани фаъолияти шабакаи «Адабиёти тоҷики Ӯзбекистон» дар телеграм, ташкили дарсҳои маҳорат дар фазои маҷозӣ барои эҷодкорони ҷавон, роҳандозии таҷрибаи тарҷумаи асарҳои эҷодкорони тоҷик ба забони ӯзбекӣ ва дигар забонҳо, таҳкими ҳамкориҳо бо факултетҳои филологияи тоҷик, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва вобаста кардани онҳо ба шоиру нависандагони касбӣ, ҷалби мунаққидон ва адабиётшиносон ба нақди адабӣ, дар ҳар панҷ сол як маротиба нашр намудани антологияи наср ва назми шоирону нависандагони тоҷики ҳавза, ба муносибати 35-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ омода кардани баёзи эҷодии 35 нафар эҷодкорони ҷавони мамлакат ва ғайра ба миён гузоштанд.
Чорабинӣ бо мушоираи адабӣ ба поён расид.
Мухбири рӯзнома.