ӮЗБЕКИСТОН – МАЛАЙЗИЯ: ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ ТАЪЛИМИ ОЛӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Дар Малайзия форуми аввалини Ӯзбекистон – Малайзия дар мавзӯи “Имкониятҳо ва ташаббусҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор” баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи форум вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ӯзбекистон Қунғиротбой Шарипов ва вазири таҳсилоти олии Малайзия Замбри Абдул Қадир суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки миёни ду кишвар дар соҳаи таҳсилоти олӣ ҳамкории устувор ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин, тарафҳо зарурати тавсеаи минбаъдаи робитаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, рушди барномаҳои мобилии академӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва густариши тадқиқоти илмиро қайд карданд.

Барномаи консертии санъаткорони Ӯзбекистон ва Малайзия ба чорабинӣ шукӯҳи идона бахшида, барои шиносоии бештар бо фарҳанги ду кишвар замина фароҳам овард.

Дар ҷараёни форум мутахассисони соҳа маърӯзаҳо намуда, ҷиҳати тавсеаи ҳамкории дуҷониба як қатор ташаббусҳо пешниҳод карданд.

М. ТОШҚОРАЕВА,

мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: