Бо даъвати Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 феврал бо сафари расмӣ ба ин кишвар омад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Куала-Лумпур сарвари давлати моро спикери Палатаи намояндагони Парлумони Малайзия Ҷоҳарӣ бин Абдул, вазири таълими олӣ Замбрӣ Абдул Қодир ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори омадани роҳбари Ӯзбекистон қаровули фахрӣ саф кашида, парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар афрохта шуданд.
Президенти кишвари мо дар фурудгоҳ бо раиси Парлумони Малайзия мулоқот анҷом дод. Дар ин вохӯрӣ оид ба рӯзномаи мулоқотҳои ояндаи сатҳи олӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ба ҳамкории минбаъдаи фаъол ва мубодила дар самти парлумонӣ, ташкили сафарҳои дуҷониба ва чорабиниҳои гурӯҳҳои дӯстӣ, роҳандозии ҳамкориҳои амалӣ дар масъалаҳои фаъолияти эҷоди қонун ва мусоидат ба татбиқи барномаҳои муҳими сармоягузорӣ, инфрасохторӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Чорабиниҳои асосии барномаи сафари расмӣ 5 феврал баргузор мешаванд.
Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Малайзия музокироти сатҳи олӣ доир намуда, дар форуми тиҷоратии Ӯзбекистону Малайзия иштирок мекунанд.
Дар натиҷаи ин мулоқотҳо имзои чанд ҳуҷҷати байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар назар аст.
ӮзА.