Сохтмони роҳҳои пулакии “Тошканд – Андҷон” ва “Тошканд – Самарқанд” соли 2025 оғоз мешавад

Бо истифода аз роҳи пулакӣ, вақти сафар аз Тошканд ба Андҷон аз 5 соат то 3 соат кӯтоҳ мешавад. Инчунин, интизор меравад, ки садамаҳои нақлиётӣ то 40 фоиз коҳиш ёбанд.

Сохтмони роҳҳои пулакии “Тошканд – Андҷон” ва “Тошканд – Самарқанд” соли 2025 оғоз хоҳад ёфт. Дар ин бора Вазири нақлиёти Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов дар мусоҳиба бо “Ӯзбекистон 24” изҳор кард.

Тавре ки хадамоти матбуотии Вазорати нақлиёт иттилоъ медиҳад, дар доираи рушди инфрасохтори нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо кумаки Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи сохтмони шоҳроҳи тезгарди “Тошканд – Андҷон” таҳия гардид.

Дарозии умумии ин шоҳроҳи тезгард 314 километрро ташкил дода, баъди мавриди истифода қарор гирифтан, вақти сафар аз Тошканд ба Андҷон аз 5 соат то 3 соат кӯтоҳ мегардад. Илова бар ин, он метавонад Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро 2,6 фоиз афзоиш дода, шумораи садамаҳои нақлиётиро то 40 фоиз коҳиш диҳад.

Ҳамчунин, барои татбиқи корҳои сохтмонӣ дар қитъаи “Тошканд – Ангрен – ағбаи Қамчиқ” 22 январи соли ҷорӣ тендер эълон гардида, шумораи зиёди ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ ба он таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Хусусиятҳои лоиҳавии қитъа:

  • Қитъаи 6-хатта дар категорияи 1А — 138 км
  • Қитъаи 4-хатта дар категорияи 1А — 33 км (қисмати нақб)
  • Шумораи нақбҳо: 10 адад, дарозтарин — 6,7 км

Татбиқи ин лоиҳа шароити ҳаракатро беҳтар намуда, сатҳи амнияти роҳро баланд мебардорад ва равандҳои логистикии байни минтақавиро ба таври назаррас суръат мебахшад.

Хотиррасон мекунем, ки 3 феврали соли ҷорӣ Президент Шавкат Мирзиёев бо ҳисоботи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтори нақлиётӣ шинос шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: