Дар давоми ин cафар, ки 6 рӯз давом мекунад, сайёҳон метавонанд шаҳрҳои қадимиро тамошо кунанд.
20 март, дар доираи сайёҳати фаромарзӣ, қатораи сайёҳии Қазоқистон «Жибек Жолй» бори сеюм ба роҳ мебарояд ва мусофиронаш метавонанд ҷашни Наврӯзро дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон таҷлил намоянд.
Тибқи иттилои Kazakh Tourism, қатораи махсуси мазкур, ки дар масири Алмато – Туркистон – Тошканд – Самарқанд ба Ӯзбекистон меояд, боз ба Қазоқистон дар масири Самарқанд – Тараз – Алмато бармегардад.
Дар давоми 6 рӯзи ин сафар, сайёҳон метавонанд шаҳрҳои қадимиро тамошо кунанд.