Президент аз Осорхонаи санъати исломии Малайзия дидан кард

  • Президент аз Осорхонаи санъати исломии Малайзия дидан кард

Дар доираи барномаи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Осорхонаи санъати исломии Малайзия боздид намуд.

Таъкид кардан ҷоиз  аст, ки Осорхонаи санъати исломӣ яке аз бузургтарин фонди осорхонавии кишвар ба шумор меравад. Он соли 1998 таъсис ёфтааст.

Осорхона дар услуби анъанавии меъмории исломӣ сохта шудааст. Масоҳати умумии маҷмаа беш аз 30 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар ороиши дохилии гунбази бино ва корҳои барқарорсозӣ устоҳои ӯзбек иштирок намудаанд.

Дар ин ҷо зиёда аз 10 000 экспонати санъати исломӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар намоишгоҳи доимӣ коллексияи нодири дастнависҳои Қуръон, маҳсулоти керамикӣ ва гаронбаҳо, намунаҳои силоҳ ва моделҳои сохтмонҳо, зару зевар, ашёи нумизматикӣ ва дигар осор ҷой доранд.

Ҷои махсусро дар фонди осорхона тақрибан 200 артефакти нодир ишғол мекунанд, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ дар ҳудуди Ӯзбекистони ҳозира офарида шудаанд. Дар байни онҳо дастхатҳои асримиёнагӣ, ҷавоҳирот, матоъҳои машҳури абрӣ ва намунаҳои либоси аҳолӣ, инчунин сафолҳои давраи Эҳёи Шарқӣ мавҷуданд.

Ҳангоми тамошои экспонатҳо, сарвари давлат аҳамияти гузаронидани таҳқиқоти муштарак, ташкили намоишгоҳҳои фарҳангӣ, густариши мубодилаи илмӣ ва фарҳангиро таъкид намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: