НАМОИШИ ИҚТИДОРИ САЙЁҲИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАЛАЙЗИЯ

Дар иёлати Пенанги Малайзия Форуми сайёҳии Ӯзбекистон ва Малайзия таҳти унвони «Ӯзбекистон – марвориди Роҳи бузурги абрешим» баргузор шуд.

Дар форум оид ба иқтидори сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, мероси фарҳангӣ ва табиии Ӯзбекистон тақдимот доир гардид ва ба аҳамияти фарҳангӣ ва таърихии маконҳои сайёҳии Ӯзбекистон, аз ҷумла шаҳрҳои Шаҳрисабз, Самарқанд, Бухоро, Хива ва дигар диққати махсус дода шуд.

Дар доираи мулоқотҳои «B2B», ки бо иштироки беш аз 100 намояндаи соҳаи сайёҳии ду кишвар баргузор гардид, байни ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон ва Малайзия робитаҳои тиҷоратӣ барқарор гардида, имкониятҳои ҳамкорӣ баррасӣ ва созишномаҳои мутақобила барои афзоиши ҷараёни сайёҳон имзо шуданд.

Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Малайзия инчунин бо иншооти нави сайёҳӣ, инфрасохтори таҷдидёфта ва ёдгориҳои фарҳангие, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон бунёд шудаанд, тавассути намоиши аксҳои «Ӯзбекистони нав», ки дар чорчӯби форум ташкил гардид, шинос шуданд.

Ба меҳмонони чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо суруд, мусиқӣ ва рақсҳои миллӣ, ки фарҳанг ва анъанаҳои бой ва рангоранги кишвари моро инъикос мекарданд, намоиш дода шуда, таомҳои миллӣ пешкаш гардиданд.

Форум дар рушди робитаҳои сайёҳии байни Ӯзбекистон ва Малайзия ва боз кардани имкониятҳои нав барои ҳамкории мутақобилан судманд қадами муҳим гардид.

М. ТОШҚОРАЕВА,

мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: