Имрӯзҳо барои таъмини бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул, пешгирии худсарона азхуд намудани қитъаҳои замин, ошкор ва бартараф кардани вайронкунии қонунгузории замин аз системаи иттилоотии автоматии «E-yer nazorat», ки Агентии кадастр таҳия кардааст, самаранок истифода бурда мешавад.
Кадастри замин як раванди муҳими идоракунии захираҳои замин мебошад, ки барои ҷамъоварӣ, тасниф ва нигаҳдории маълумот дар бораи истифодаи замин ва ҳолати он дар як минтақа ё кишвар истифода мешавад. Ин системаи иттилоотӣ ба мақсадҳои гуногун, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи моликият, таҳияи сиёсати истифодаи замин ва таъмини рушди устувор равона шудааст, ки барои пешбурди корҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва экологӣ муҳим мебошад.
Чуноне ки дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентии кадастр маълумот дода шуд, имрӯзҳо барои таъмини бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул, пешгирии худсарона азхуд намудани қитъаҳои замин, ошкор ва бартараф кардани вайронкунии қонунгузории замин аз системаи иттилоотии автоматии «E-yer nazorat», ки Агентии кадастр таҳия кардааст, самаранок истифода бурда мешавад. Ин барнома ба коғазбозии зиёдатӣ барҳам дода, муҳлати бартараф кардани ҳуқуқвайронкуниҳоро коҳиш дод ва суръати мубодилаи ҳуҷҷатҳои байниидоравиро зиёд кард. Он ҳамчунин ба коршиносон имкон медиҳад, ки бо истифода аз аксҳои кайҳонӣ ҳолати заминро назорат ва қонуншиканиҳои сохтмонро барвақт ошкор кунанд.
Аз 1 майи соли гузашта бори аввал системаи ҷумҳуриявии бақайдгирии заминҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шуд. Имрӯзҳо мутахассисони Агентии кадастр на танҳо заминҳои кишоварзӣ, балки тамоми қитъаҳои замин ва объектҳои амволи ғайриманқулро ба қайд гирифта, онҳоро ба геопортали махсус ворид мекунанд.
Бо мақсади иҷрои қарор «Дар бораи эътироф намудани ҳуқуқи қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва биною иншоотҳои дар он сохташуда» тибқи ҷадвали нақшавӣ аз ҷониби Палатаи давлатии кадастри вилояти Тошканд дар солҳои 2024-2025 дар 558 маҳалла барӯйхатгирии аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло дар 115 маҳалла корҳои бақайдгирӣ идома дорад, 2264 объект барои муҳокима ба ташкилотҳои дахлдор тавассути барномаи «Эътироф» фиристода шудааст.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои назоратӣ дар ҳудуди пойтахти кишвар аз ҷониби Агентии кадастри шаҳри Тошканд ва шуъбаҳои ноҳиявии он дар соли 2024 дар 3 ҳазору 609 ҳолат худсарона ишғол намудани 87,6 гектар замин ошкор карда шуданд. Дар асоси дастури хаттӣ оид ба рафъи ин ҳолатҳо 1678 ҳодисаи вайронкунии 18 гектар замин аз ҷониби шаҳрвандон ихтиёран бартараф карда шуд.
Раёсати Палатаи давлатии кадастри шаҳри Тошканд ба ҳалли мусбати масъалаҳои марбут ба соҳа аз ҷониби шаҳрвандон ва соҳибкорон аҳамияти калон медиҳад. Имрӯзҳо зиёда аз 10 намуди хидматрасонии кадастрӣ ба аҳолӣ роҳандозӣ шудааст. Муроҷиатҳо аз ҷониби марказҳои иттилоотӣ ва Хадамоти ягонаи интерактивии давлатӣ қабул ва амалӣ мешавад. Мутобиқи низом «Дар бораи тартиб додани қитъаҳои замин барои соҳибкорӣ ва фаъолияти шаҳрсозӣ дар асоси моликият ва ҳуқуқи иҷора тавассути музоядаҳои электронии онлайн» дар давоми соли 2024 дар ҳаҷми умумии 2800 (290,2 гектар) қитъаҳои замин, барои мувофиқа бо ташкилотҳои ваколатдор ба ҳайати системаи автоматиконидаи «Yerelektron» дохил гардида, аз он 458 қитъаи замин (123 гектар) ба музоядаи электронии онлайн гузошта шудааст.
Аз моҳи январи соли 2025 бо истифода аз барномаи «Uzkad» аз 43 ҳазору 467 гектар майдони замин ба 11,5 ҳазор гектари он харитаи электронӣ тартиб дода шудааст. Тибқи қонун, дар соли 2024 дар 146 маҳаллаи пойтахт корҳои барӯйхатгирӣ гузаронида шуда, то охири соли 2025 дар 245 маҳалла гузаронидани бақайдгирии амволи ғайриманқул дар назар аст.
М. Мамаҷонова,
хабарнигори «Овози тоҷик».