Дар кишвар солҳои зиёд камбизоатӣ мавзӯи пӯшида боқӣ монда буд. Ба ҷойи ин мафҳум мо бештар истилоҳи “камтаъмин”-ро истифода мебурдем. Аммо бо шарофати сиёсати ошкорбаёнии ҳашт соли охир ҳақиқат ба рӯи об баромад.
Барои пардохти хароҷоти омӯзиши касбу ҳунар ба аъзои оилаҳои камбизоат низоми ваучер ҷорӣ мегардад.
Дар кишвар солҳои зиёд камбизоатӣ мавзӯи пӯшида боқӣ монда буд. Ба ҷойи ин мафҳум мо бештар истилоҳи “камтаъмин”-ро истифода мебурдем. Аммо бо шарофати сиёсати ошкорбаёнии ҳашт соли охир ҳақиқат ба рӯи об баромад.
Аз соли 2016 низоми нави кор бо мардум ба роҳ монда шуд, ки қадр ва манфиатҳои инсонро ҳадафи асосии ислоҳот қарор дод. Мавҷуд будани камбизоатӣ дар ҷомеа зикр гардида, барои коҳиш додани он низоми мушаххас ба амал ҷорӣ карда шуд.
Мақсади ниҳоии ислоҳотҳо таҳти роҳбарии Президент коҳиш додани камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум тавассути арҷгузорӣ ба қадри инсон мебошад. Ҳоло барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум ва розигии аҳолӣ корҳои бузург амалӣ мегарданд.
Бо мақсади густариши барномаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раҳосозии оилаҳо аз вазъиятҳои душвори зиндагӣ ва расонидани кумаки ҳадафманд ба оилаҳои камбизоат Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ таъсис дода шуд.
Дар муддати кӯтоҳ барномаи миллӣ оид ба кам кардани камбизоатӣ таҳия гардида, имрӯз он пайгирона татбиқ мешавад. Ба шарофати тадбирҳои саривақтӣ сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 17 фоизи соли 2021 то 11 фоиз дар соли 2023 коҳиш ёфт.
Қарори Президенти кишвар аз 17 январи соли 2025 «Дар бораи чорабиниҳо оид ба таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ дар соли 2025» барои таъмини шуғли мардум, ташкили ҷойҳои кории сердаромад ва коҳиш додани камбизоатӣ аҳамияти калон дорад.
Тибқи ин ҳуҷҷат, дар доираи барномаи таъмини аҳолӣ бо меҳнати даромаднок дар соли 2025 шуғли 5,2 миллион шаҳрванд таъмин хоҳад шуд. Аз ҷумла, бо роҳи дастгирии молиявии соҳибкорон, ҳалли мушкилоти онҳо ва тавсеаи фаъолияташон 1 миллиону 470 ҳазор шахси бекор ба ҷойҳои холии корӣ ҷалб шуда, 430 ҳазор ҷойи корӣ таъсис меёбад. Ҳамчунин, дар ҳар маҳалла ба ҳисоби миёна 40 микролоиҳа, дар маҷмӯъ 377,6 ҳазор микролоиҳа татбиқ гардида, 755 ҳазор ҷойи корӣ эҷод мешавад.
Дар доираи лоиҳаи «Маҳалла» тавассути ҷорӣ кардани маҳсулоти нави қарзӣ барои маблағгузории лоиҳаҳо бо тартиби соддакардашуда 250 ҳазор нафар, бо роҳандозии лоиҳаҳои «драйвер» дар минтақаҳо 122 ҳазор нафар, дар доираи барпо кардани марказҳои микросаноат 21 ҳазор нафар ва бо иҷора додани қитъаҳои замин ба аҳолӣ, аз ҷумла тибқи тамоюли «ширкат – кооператив – хоҷагии деҳқонӣ» ташкил кардани кооперативҳо 300 ҳазор нафар шаҳрванд бо меҳнати даромаднок таъмин мешаванд.
Ҳамчунин, тавассути ташкили истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, дастгирии хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонӣ 1 миллиону 169 ҳазор нафар, дар асоси лоиҳаҳои сармоягузорӣ 290 ҳазор нафар ва бо татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи сохтмон 169 ҳазор нафар бо ҷойи кори сердаромад таъмин мегарданд.
Аён аст, ки бо роҳи тақдими кредит ё тақсими пул коҳиш додани камбизоатӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, то 1 майи соли 2025 дар кишвар низоми ваучер ҷиҳати пардохти хароҷоти омӯзиши аъзои хонаводаҳои камбизоат ба касбҳои гуногун ҷорӣ карда мешавад. Аз 1 феврали соли 2025 стипендияҳое, ки барои омӯзиши касбу ҳунар ҷудо мегарданд, ба шахсони дорои маъюбият ва афроди бекоре, ки узви оилаҳои дар Реестри хонаводаҳои камбизоат сабтшуда ҳастанд ва ба курсҳои омӯзишии зиёда аз 3 моҳа қабул шудаанд, пардохт карда мешаванд.
Ин низом дар марҳилаи аввал аз 1 феврал дар вилояти Самарқанд ва шаҳри Тошканд аз озмоиш гузаронда мешавад. Ҳамзамон, дар маҳаллаҳо барои баланд бардоштани завқ ва ташаббуси аъзои оилаҳои камбизоат ба кор лоиҳаҳои «Қадами аввал ба зиндагии фаровон», «Ишонч» ва барномаи «Коҳиши камбизоатӣ тавассути маърифат» амалӣ карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҳуҷҷат барномаи таъмини аҳолӣ бо меҳнати даромаднокро дар соли 2025 ва нишондиҳандаҳои мақсадноки онро низ тасдиқ мекунад. Бо мақсади дастгирии молиявии татбиқи барнома 126 триллион сӯм равона карда мешавад. Ин, дар навбати худ, ба таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва афзоиши даромади воқеии мардум мусоидат мекунад.
Дар маҷмӯъ, аз вазифаҳои дар қарор муайяншуда бармеояд, ки роҳбари давлат дар роҳи коҳиш додани камбизоатӣ таъмини рушди фарогири иқтисодӣ, тақсими баробари дастовардҳои иқтисодӣ миёни мардум ва баҳраманд гардидани қишрҳои осебпазири аҳолиро ҳадаф қарор додааст. Танҳо чунин роҳ ба натиҷаҳои самарабахш хоҳад овард.
Анвар НУРМАТОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.