ё худ чанд сухан дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши Дилором Йӯлдошева
Одамизод дорои хислатҳои гуногун аст. Якеро мебинӣ, ки бо ду дасту пойи барҷо бекориро ихтиёр кардаасту аз зиндагӣ рӯзу шаб менолад ва ношукрӣ мекунад, дигаре бошад, ҳарчанд имконияташ маҳдуд аст, бемору маълул ва зери фишорҳои сахти зиндагӣ қарор дорад, вале барои ҳаёт талош меварзад, бо ҳисси шукронагӣ умр ба сар мебарад.
Дар соли сипаришудаи 2024 нашри ВВС рӯйхати 100 нафар занони дунёро эълон намуд. Ба ин рӯйхат аслан занони машҳури дунё, ки соҳиби иқтидорҳои бузург ҳастанд – дорандагони мукофоти Нобел, санъаткору актёрҳои варзида, варзишгарони муваффақ, намояндагони бузурги илму фан, кашфиётчиёни беназир ва ғайра шомил мешаванд. Вале ғайричашмдошт дар рӯйхати соли гузашта дар қатори ин гуна ашхос занони руҳбахшанда, таъсиргузор низ дохил карда шуд, ки як нафар бонуи одии ӯзбекистонӣ – Дилором Йӯлдошева низ ба он шомил гардид. Дилором занест, ки имконияташ маҳдуд бошад ҳам сабру бардошт ва ташаббусу ҳаёти ибратангезаш боис шуд, ки ба ин рӯйхати бонуфуз шомил шавад. Дар бораи ҳаёту роҳи тайнамудаи ӯ аз тарафи Вазорати адлия низ филми мустанади «Матонат» тайёр карда шудааст, ки он мухлисонро бефарқ нагузошт…
АГАР ХОҲӢ, КИ БИТВОНАМ
Дилором Йӯлдошева зодаи яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Деҳнав буда, дар синни 40 қарор дорад. Ҳаёту саргузашти ӯ намунаи ибрат аст.
Соли 2022. Мавсими дарави ғалла. Одатан мардуми деҳот ҳини дарави ғалла ҳама худро ба саҳро мезананд то ки барои чорвои худ хасу хошок ҷамъоварӣ намоянд. Дилором, ки устухонаш бо меҳнат сахт шудааст, он рӯз низ бо фарзандонаш пайи ҷамъоварии хошок дар саҳро меҳнат мекард. Охир ин як-ду рӯз дар саҳро меҳнат накунӣ, барои чорво аз куҷо озуқа пайдо месозӣ ва рӯзгорро меҷунбонӣ?! Дар деҳот шуғли асосӣ ва даромад ҳам замину чорво аст. Илова бар ин оила калон, даромад кам. Фақат нигарони музди меҳнати саробони оила – шавҳар шудан ҳам аз рӯи инсоф нест.
Пӯшида нест, ки ҳини дарав ба ҳаракати комбайнҳо ҳам нигоҳ накарда, ҳама хурду калон ба замини даравшуда худро мезананд, то ки аз насиба бебаҳра намонанд. Ҳамин ҳангом аз саросемагӣ ва беэҳтиётӣ домани халати дарозаш ба комбайн дармемонад ва ду пойи ӯро бо худ кашида мебарад. Дар як миҷҷа задан ӯ аз ду пойи худ маҳрум мешавад. Ин воқеаи мудҳиш барои ӯ ва аҳли оилааш беҳад фоҷиаи вазнин буд. Охир 37 сол бо ин пойҳои равони худ гаштугузор намуд. Мактаб рафт, дар тӯйу тамошо, бозору дигар ҷойҳо сайругашт намуд. Бо ҳамин пойҳояш ба саҳро рафта, меҳнати ҳалол намуд, барои аҳли оилааш ризқу рӯзӣ пайдо кард. Табиист, ки ӯро ноумедиҳо якбора ба гирдоби худ кашиданд. Зеро аз як тараф аз ду по маҳрум шуда бошад, аз дигар тараф аз аҳволи оилааш, ки аз ҷиҳати моддӣ камбизоат маҳсуб меёфту маҳз ҳамин ҳолати ночорӣ боиси ба фоҷиа рӯ ба рӯ шуданаш гардида буд, қалби ӯро реш-реш мекард. Боз барои табобат маблағ ҳам лозим буд. Андешаи ташвишу ояндаи фарзандон, пеш бурдани зиндагии рӯзмарра, табобати худ ӯро рӯзу шаб ором намегузошт. Тӯли як соли сипаришуда, ки хеле вазнин буд, барояш имтиҳони ҳаёт гардид.
– Муддати як сол ба худ наомадам, – мегӯяд қаҳрамони мо. – Рӯзҳо на сар доштанд на поён. Аз субҳ то шоми тӯлонӣ дар гирдоби фикру хаёл ғарқ будам. Аммо баъдтар фаҳмидам, ки ба оилаам, фарзандонам даркорам. Ба ман хоҳиши ҳаракат кардан, рӯзгор ҷунбонидан пайдо шуд.
Бале, қаҳрамони мо баҳри ҳаёт часпу талошро ихтиёр намуд.
Ба қавли шоир:
Агар хоҳӣ, ки битвонам, бирав дарнеҳ, ки битвонӣ,
Агар хоҳӣ, ки натвонам, бирав биншин, ки натвонӣ.
Бо инояти Яздони пок як шарораи умед дар қалбаш пайдо шуду ӯро ба ҳаёти нав баргардонид. Дар муҳити хона бошад ҳам, бояд ба коре даст зад. Пас чӣ бояд кард?
– Дар айёми наврасиам ба дӯзандагӣ шавқи баланд доштам, – мегӯяд Дилором. – Баъди ба як оилаи калон арӯс шуда омадан маҷбур шудам, ки касби дӯзандагиро мавқуф гузорам. Зеро кори рӯзгор, хидмати хушдоман, тарбияи фарзандон имкон намедод, ки бо касби дӯстдоштаам шуғл варзам. Даромади асосии оила, ки аз саҳро меомад, ман ҳам худро ба кори саҳро задам.
Гумон надошт, ки либосҳое, ки ӯ медӯзад, манзури ҳамсоязанҳо, духтарони хешу бегона мегардад. Бубинед, ки дар як муддати кӯтоҳ овозаи либосҳои дӯхтаи ӯ дар деҳа ва берун аз он паҳн шуд.
Дертар як дӯкони хурди дӯзандагӣ кушод.
– Дар фасли саратон дар ҳавои гарму тафсон занону духтарони саҳроро пеши чашмонам овардам, – ёдоварӣ мекунад Дилором. – Ба ёдам расид, ки худи ман ҳам дирӯзакак мисли онҳо кори вазнини саҳроро ба дӯш доштам. Бо машаққат меҳнат карда, пули ночизе пайдо мекардем. Аз дил гузаронидам, ки оё намешавад онҳо низ дар хонаҳои шинаму салқин нишаста ба касбу коре шуғл варзанд, то ки ба оилаашон бештар нафъ расад.
Дилором хабар ёфт, ки бо ташаббуси Вазорати адлия лоиҳаи иҷтимоӣ-ҳуқуқии «Имкон» ташкил шудаасту дар ноҳия низ филиали он фаъолият мекунад. Вазифаи ин лоиҳа ба ҷавонон касбу ҳунар омӯхтан буд ва Дилором дар он ширкат варзида, донишу таҷрибаи худро дар соҳа такмил дод. Аз имтиёзу имкониятҳои фароҳамовардаи давлат самаранок истифода бурда, ба кушодани мактаби дӯзандагӣ ва сехи дӯзандагӣ муваффақ гардид. Дар аввал духтарони ҳамсоя, баъд ҷавондухтарони маҳалла ва берун аз он хабар ёфта ба мактаб меомадагӣ шуданд. Ӯ то ин муддат қариб ба 50 нафар ҷавондухтарон касби дӯзандагиро омӯхт.
Мактаби дӯзандагии Дилором ба як мактаби касбу ҳунар табдил ёфт.
– Баъди хатми мактаб ҳама имкони дар мактаби олӣ хонданро надоранд, лекин ин ҷавондухтарон маҷбур ҳам нестанд, ки ба саҳро баромада кор кунанд. Беҳтараш ҳунар омӯзанд, дар хона ҳам нишаста ба оила даромад кардан мумкин, – мегӯяд Дилором.
Дар ин миён фаъолияти пурсамар ва ғайрату шуҷоати ӯро дида, бо ёрдами фаъолони маҳалла ба ӯ мошини замонавии дӯзандагӣ тақдим карда шуд. Як муддат пеш агар худаш дӯзандагӣ карда дар як моҳ якуним миллион даромад карда бошад, даромади кунунии худи ӯ дар як моҳ ҳоло зиёда аз 15 миллионро ташкил мекунад.
НОГИРОӢ ВА ФИРЕБИ НАЗАР
Як чиз қалби пурҷароҳати ӯро бисёр ба фишор меорад. Баъди ногиро шудан шоҳиди бисёр воқеаҳо гардид. Буданд баъзе мутасаддиёне, ки ба аёдаташ меомаданду бо ӯ якҷоя сурат мегирифтанд, ваъдаҳои хушку холӣ ҳам дода бармегаштанд. Ӯ дарк намуда буд, ки ин муносибати эшон на ғамхорӣ аст, балки танҳо барои фиреби назар мебошаду тавассути он суратҳо ба раҳбарони болоӣ «ғамхориҳои нишондодаи хешро» намоиш медоданд. Ҳатто боре як аробачаи ногироии каси дигареро ҳам оварда бо ӯ сурат гирифтанд ва боз баъди се рӯз баргардонида бурданд.
Вақте ки эҷодкорон барои ба навор гирифтани филми мустанади «Матонат» омаданд, ӯ каме ба онҳо низ бо назари шубҳа нигарист. Вале хушбахтона, ин дафъа ин тавр нашуд. Барои филм навор бардошта шуд ва ӯ ба қаҳрамони ҳақиқӣ табдил ёфт.
МЕҲРУ ШАФҚАТ – РУҲБАХШИ ИНСОН
Инсон вақте ки дардманд мешавад, бештар ба меҳру муҳаббат муҳтоҷ мегардад ва дар баробари ин меҳру шафқатро низ бештар ҳис мекунад. Дилором нақл мекунад, ки ин санҷиши ҳаёт ба ӯ бисёр чизҳоро омӯзонд. Муносибатҳои гарму самимӣ, кумаку дастёрии ҳевараш, садоқати шавҳар, ғамхориҳои хешу табор ба ӯ рӯҳу тавон бахшиданд. Ҳатто боре аз шавҳараш боисрор талаб кард, ки дигар умри худро барои ӯ хазон насозад, бо касе издивоҷ кунад. Шавҳараш ба талаби ӯ қатъан ҷавоби рад дода гуфт, ки то охири умр ба ӯ ғамхориву парасторӣ мекунад.
Пошшо ном ҳамсоязан бо аҳли оила маслиҳат карда ба қароре меояд, ки пули барои ҳаҷ пасандоз кардаашро ба Дилором диҳад, то ки ӯ барои пойҳояш протез харад.
– Шукр дар дунё одамони меҳрубон, ғамхор, ҳимматбаланд ҳастанд, вагарна зиндагӣ берангу бемазмун мегардид, – ашки чашмонашро пок месозад Дилором. – Бо занону духтарони маҳалла вақте ки суҳбат мекунам, ҳис менамоям, ки орзуву умедҳои зиёде дар дил доранд. Онҳо ҳам мехоҳанд дар ҷойҳои шароиташ мусоид кор кунанд. Дар фабрикаҳои замонавӣ, коргоҳҳои сердаромад меҳнат кардан мехоҳанд. Онҳо низ ҳақ доранд ҳаёти хушбахту фаровон аз сар гузаронанд, – мегӯяд Дилором.
ҚАДРШИНОСӢ
Президент Шавкат Мирзиёев ин бонуи қавиирода ва пурматонатро бо ордени «Мардлик» қадр намуд. Дар Фармони Президент чунин сатрҳоро мехонем:
«... бо иродаи мустаҳкам, матонати бузург ва фазилатҳои кордонӣ, занони деҳотро бо кор банд кардану баҳри афзун намудани даромад ташаббускорӣ ва намунаи ибрат шудан ва иштироки фаъол дар ҳаёти иҷтимоӣ, ба Дилором Йӯлдошева ордени «Мардлик» тақдим карда шавад».
Шоир шояд дар ҳаққи чунин инсонҳо барҳақ гуфта бошад:
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд зи пайи он саҳаре ҳаст.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.