Суханони ҳикматомези бузургон
Тани танҳо ба муқобили дигарон истодагарӣ кардани ту маънои онро надорад, ки ҷониби муқобил ҳақ асту ту ноҳақӣ.
Хю Лори.
Дурӯғ инсонро ғулом мегардонад, ҳақиқат — озод.
Жан-Жак Руссо.
Касе, ки ба ивази некӣ бадӣ мекунад, аз хонааш бадӣ дур намешавад.
Ҳазрати Довуд.
Як хӯша некӣ беҳтар аз як хирман фалсафа.
Л. Толстой.
Инсон бо пул, ба ҷуз меҳру муҳаббат, ҳама чизро харида метавонад.
Рулф Уолдо Эмерсон.
Ақлҳои бузург идеяҳо, ақлҳои миёна рӯйдоду ҳодисаҳо, ақлҳои хурд одамонро муҳокима мекунанд.
Элианора Рузвелт.
Дӯстиро ба нақша намегиранд, аз ишқ наменоланд, ҳақиқат ба исбот ниёз надорад.
Фридрих Нитсше.
Иқрори заъфу нотавонӣ инсонро қавӣ мегардонад.
Онере де Балзак.
Омӯзгорӣ шуғл нест, омӯзгорӣ ишқ аст. Агар ба унвони шуғл интихобаш кардаӣ, раҳояш бикун ва агар ишқи туст, муборакат бод!
Муҳаммадалии Риҷоӣ.
Дурӯғ гуфтан ба нафаре эътирофи бартарии ӯст.
Сэмюэл Батлер.
Суол:
— Кишваре, ки ашёи хомро содир мекунаду маҳсулоти тайёрро ворид, чӣ ном дорад?
Ҷавоб:
— Мустамлика.
Ли Якокка.
Нахуст оне ба хашм меояд, ки хато кардааст.
Уилям Пенн.
Инсон, агар аз дигарон бештар донад, танҳо мемонад.
Карл Юнг.
Он чӣ, ки медонем, қатра аст ва он чӣ, ки намедонем — уқёнус.
Исаак Нютон.
Сухани инсоне, ки дӯсташ медоред, беҳтар аз табиби ҳозиқ муолиҷа мекунад. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки чолоктар аз табари ҷаллод мекушад...
Ал Пачино.
Тарҷума ва таҳияи А. СУБҲОН.