СУЛФАИ ШАДИД Ё БРОНХИТ ТО ЧӢ АНДОЗА ХАТАРНОК АСТ?

Имрӯзҳо дар кишвари мо фасли зимистон ҳукмрон аст. Табиист, ки дар ин вақт бисёре аз одамон ба бемориҳои роҳҳои нафас гирифтор мешаванд. Яке аз онҳо бронхит мебошад. Пас, омилҳои асосии пайдошавии ин беморӣ кадомҳоянд? Он чӣ гуна нишонаҳо дорад?

Ба ин саволҳо духтури тоифаи олӣ Равшанбек Умаров ҷавоб дод:

– Илтиҳоби бронхҳо (бронхит) яке аз бемориҳои маъмултарини роҳҳои болои нафас мебошад, –  мегӯяд мутахассис. – Он ду навъ дорад: шадид ва музмин.

Аксар вақт тағйирёбии обу ҳаво, заиф шудани системаи масуният, одатҳои бад (майнӯшӣ, тамокукашӣ) ва нафас кашидан аз моддаҳои гуногуни зарарнок (газ, чангу ғубор, равғанҳои эфирии пурқувват) боиси осеб дидани ҳалқум ё трахея шуда, минбаъд ба шуш паҳн мегарданд. Дар натиҷа, бронхит ва илтиҳоби шуш пайдо мешавад.

Дар шакли шадиди беморӣ бемор заиф шуда, мушакҳо сахт дард мекунанд. Сулфа пайдо мешавад ва дар атрофи қафаси сина фишор ва дард эҳсос мегардад.  Пас аз чанде ба он зуком ҳамроҳ мешавад ва дар баъзе мавридҳо ҳарорати бадан метавонад баланд шавад.

Инчунин, бемор мунтазам сулфа мекунад ва балғами омехта бо чирк мебарояд. Агар бронхит пурра табобат карда нашавад, беморӣ метавонад давомнок  бошад ва оқибатҳои вазнин боқӣ гузорад.

Бемориҳои гайморит, отит ва илтиҳоби шуш аксар вақт ба бронхитҳои такрорӣ сабаб мешаванд. Дар бемороне, ки гирифтори мушкилоти ҷиддии дилу рагҳои хунгард мебошанд ва бениҳоят заиф шудаанд, бронхит инчунин метавонад ба бронхҳои хурд осеб расонад.

Вақте ки беморӣ пеш меравад, ҳарорати бадан баланд мешавад, нафас тангӣ мекунад, шахс зуд-зуд месулфад ва худро нотавон эҳсос мекунад. Балғами чиркӣ хориҷ шуда, дар қафаси сина дард пайдо мешавад. Ҳатто ҳангоми гӯш кардани шуш, садоҳои нафаскашии ғайримуқаррарӣ шунида мешаванд.

Илова бар ин, нафаскашӣ суст мешавад, набзи дил тез мегардад ва садои дил норавшан мешавад. Дар ҳолатҳои вазнин, деворҳои бронх ва бофтаҳои гирду атрофи он осеб мебинанд. Дар чунин ҳолатҳо, беморон бояд фавран ба беморхона бистарӣ шаванд.

Хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: