Соли сипаришуда аз ҷониби лабораторияҳои санҷишӣ 229 маҳсулоти бесифат аниқ шуда, аз он 45-тоаш марбути соҳаи истеҳсолӣ (мебел), 56 барқӣ, 12 полимерӣ, 5-тоаш саноати сабук, 99 хӯрокворӣ, 10 бозичаҳои пластмассагии бачагона мебошанд.
Имрӯзҳо дар кишварамон баҳри дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба онҳо, инчунин барои беҳтар намудани инфрасохтори сифат корҳои назаррас амалӣ мешаванд.
Маркази илмӣ-санҷишӣ ва назорати сифати назди Агентии аз ҷиҳати техникӣ ба танзимоварӣ бо мақсади сарҳисоби корҳои соли гузашта ва нақшаҳои соли ҷорӣ таҳти мавзӯи «Зарурияти такмили санҷиши маҳсулот ва модернизатсияи лабораторияҳо» дар маркази матбуоти миллӣ анҷумани матбуотӣ ташкил намуд.
– Тавассути ҷорӣ намудани стандартҳои байналхалқӣ беҳтар намудани сифати маҳсулот, баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо, таъмини бехавфӣ ва васеъ гардондани намуди хидматҳои давлатии интерактив ба субъектҳои соҳибкорӣ аз вазифаҳои муҳими марказ ба ҳисоб меравад, – гуфт раиси садорати техникии баҳодиҳӣ ба маҳсулоти марказ Алишер Додоев. – Дар давоми соли 2024 бо мақсади ба талаботи аккредитатсия мувофиқ намудани лабораторияҳои санҷиш, васеъгардонии соҳа 19,5 млрд. сӯмина воситаҳои зарурӣ харид гардид.
Таъкид гардид, ки соли сипаришуда аз ҷониби лабораторияҳои санҷишӣ 229 маҳсулоти бесифат аниқ шуда, аз он 45-тоаш марбути соҳаи истеҳсолӣ (мебел), 56 барқӣ, 12 полимерӣ, 5-тоаш саноати сабук, 99 хӯрокворӣ, 10 бозичаҳои пластмассагии бачагона мебошанд, ки истифодаи онҳо нолоиқ дониста шудааст. Лабораторияҳои санҷишӣ дар давоми сол 75130, аз он ба идораи ҳифзи ҳуқуқ 558 баённома расмӣ намудааст.
– Дар лабораторияҳои мо ба ғайр аз маҳсулоти дохилии кишвар маҳсулоте, ки аз хориҷ ворид мегарданд, аз санҷиш гузаронида мешаванд, – гуфт муовини директори марказ Ғайратҷон Ғозиев. – Масалан, якчанд маҳсулоти ҳавосардкунии гуногунтамғаи маблағашон аз 540 то 2050 долларина, 2 лифти нархаш 21000 долларинаи Чин ва 110 дона асбоби сӯхторхомӯшкунии маблағаш 649 долларинаи Русия ба истифода нолоиқ дониста шуд.
Ба мақсади расмӣ гардондани маҳсулоти корхонаҳои содиротӣ мувофиқи тамғаи СЕ-и Иттифоқи Аврупо бо 60 корхона корҳои хидматрасонӣ бурда, ба 19 корхона сертификати тамғаи СЕ расмӣ гардонда шуд. Ба 2511 корхонаи дорои салоҳияти воридотии ҳудудҳо ёрии амалӣ ва маслиҳатҳо дода шуд.
Г. Кабирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».