Дар вилояти Бухоро ҳаҷми содироти минтақавӣ дар соли гузашта беш аз 263 миллион долларро ташкил дод.
Аз ҷумла, ба маблағи 139 миллион сӯм маҳсулоти нассоҷӣ, 62 миллион маҳсулоти нафт, 12,5 миллион меваю сабзавот, 10,5 миллион масолеҳи сохтмон, 6 миллион абрешим, 16 миллион хӯрокворӣ, 2,1 миллион сӯм маҳсулотҳои чарм ва пашм, 2,1 миллион маҳсулоти фарматсевтика, 2 миллион маҳсулоти кимиё, 5,7 миллион электротехника ва ба маблағи 2 миллион доллар содироти маҳсулоти гуногуни саноатӣ амалӣ гардид.
Соли гузашта ҳаҷми содироти корхонаҳои истеҳсолии системаи кластери пахта дар ноҳияи Ғиждувон аз 40 миллион доллар гузашт. Таҷҳизоти наве, ки дар ибтидои соли ҷорӣ ба корхона оварда шудааст, дар навбати худ барои боз ҳам беҳтар кардани нишондиҳанда хидмат мекунад.
Корхона бо таҷҳизоти технологие, ки ба стандартҳои Аврупо мувофиқ аст, муҷаҳҳаз гардида, ҳоло на танҳо технологияи нав ворид ва насб мекунад, балки барои баланд бардоштани сифати маҳсулот ба равандҳои истеҳсолии худ мутахассисони хориҷиро низ ҷалб менамояд.
Суратгир: Т. Истадов (ӮзА).