ЗАМБӮРУҒ МАҲСУЛОТИ СЕРҒИЗО ВА СЕРДАРОМАД

Дар маҳаллаи «Какан»-и ноҳияи Шӯрчии вилояти Сурхондарё 786 хонадон зиндагӣ мекунанд. Аҳолӣ 4653 нафарро ташкил медиҳад. Шуғли асосии мардуми маҳалла деҳқонӣ ва чорводорӣ аст.

Дар он 42 гармхона мавҷуд. Соли 2024 бо мақсади ривоҷ додани соҳаи деҳқонӣ ба 33 хонадон вомҳои имтиёзнок дода шуданд. Деҳқонони меҳнаткаш ва чашмикордон аз ин маблағҳо самаранок истифода бурда, бештар ба сохтани гармхонаҳо пардохтанд.

Айни замон дар маҳалла дар доираи иҷрои дастури «Аз нодорӣ ба ҳаёти фаровон» парвариши замбӯруғ, ки аз маҳсулоти серғизо ва сердаромад ба шумор меравад, ба роҳ монда шудааст. 

– Дар 5 хонадони маҳаллаамон парвариши навъи «вешенка»-и замбӯруғро ба роҳ мондем, – мегӯяд ёрдамчии ҳокими ноҳия Муҳаммад Шойқулов. – Ин навъи замбӯруғ хеле фоиданок ва аз модаи сафеда ғанӣ аст. Харидораш низ бисёр. Он дар 27-28 рӯз ба ҳосил даромада, дар муддати каме беш аз як моҳ пурра пухта мерасад. Дар як халтае, ки 2 килограмм шелуха меғунҷад, тухмҳои замбӯруғ ба ҳисоби миёна 10-12 килограммӣ ҳосил медиҳанд. Ҷиҳати афзалиятнокии парвариши ин маҳсулот он аст, ки маблағи кам харҷ мегардад, дар як сол 4-5 маротиба ҳосил гирифтан мумкин аст.

Бартарияти дигари навъи «вешенка» дар ҳама мавсими сол имконпазир будани парвариши он мебошад. Замбуруғи ин навъ дар халтаҳои полиэтиленӣ парвариш карда мешавад.

– Дар замини наздиҳавлиамон картошка ва дигар сабзавот кишт мекунем, дар гармхона бошад, ҳар гуна кабудӣ парвариш менамоем, – мегӯяд Насиба Эшонқулова. – Ба қарибӣ нафаре, ки ба оилаи мо вобаста карда шудааст, ба мо 50 дона халтачаи махсуси аз тухми замбӯруғ пуршударо расонд. Бо маблағи воми имтиёзнок гармхона ҳам сохта доданд. Мутасаддиён ҳар доим аз мо хабар гирифта, муаммоҳоямонро мешунаванд ва барои бартараф кардани онҳо аз наздик ёрӣ медиҳанд. Ду нафар фарзандамонро хонадор кардем, 5 нафари дигар дар мактаб таҳсил доранд. Деҳқонӣ ба обод ва серу пур гардидани зиндагиамон мусоидат мекунад. Дар оянда парвариши замбӯруғро мукаммал омӯхта, дар гармхонаи назди ҳавлиамон низ замбӯруғ парвариш карданием.

Мардуми маҳаллаи «Какан» мақсад доранд, ки аз замбӯруғ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, даромади оилаи худро афзун намоянд. Ин ташаббус аллакай натиҷаҳои дилхоҳи худро медиҳад.

Нигина Шоева, ноҳияи Шӯрчии вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: