Ёзёвон чӯлест, ки дар қисми марказии водии Фарғона ҷойгир шудааст. Онро воҳаҳои Қӯқанд, Марғелон, Андиҷон ва Намангон иҳота кардаанд. Ин ёдгории табиӣ дар ихтиёри Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ мебошад.
Чанде пеш журналист-эколог Наргис Қосимова дар як мақолаи худ роҷеъ ба ин чӯл чанд фикру ақидаи худро баён намудааст, ки ҷолиб аст. Бар асоси навиштаи муаллиф мувофиқи Қонун «Дар бораи минтақаҳои табиии ҳифзшаванда» ҳар гуна фаъолияте, ки ба муҳофизати ҳудуди ёдгориҳои давлатии табиӣ таҳдид эҷод мекунад, манъ карда шудааст. Аммо Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ дар айни ҳол ин ҳудудро таҳти ҳимояи худ қарор надодааст.
Наргис Қосимова аз қавли коршиносони экологӣ навиштааст, ки водии Фарғона як минтақаи бостонӣ ва нотакрори табииест, ки дорои олами набототу ҳайвоноти нотакрор мебошад. Дар водии Фарғона аҳолӣ зич ҷойгир шудааст. Дар 1 миллиону 946 ҳазор гектари марбути қаламрави Ӯзбекистон (ин ҷо манзур ғайр аз вилоятҳои Ботканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон, ки шомили водии Фарғона мебошанд), зиёда аз 6 миллиону 867 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Дар як километри мураббаъи он 352,9 нафар одам рост меояд.
Журналист-эколог мӯътақид аст, ки дар натиҷаи ба замини корам табдил додани қисми зиёди майдонҳои регзори Ёзёвон масоҳати он торафт кам мешавад. Ҳарчанд солҳои охир дар натиҷаи дастгирии давлат барои рушди моҳидорӣ қисми зиёди регзор мавриди корбаст қарор дода шудааст, обёрии киштзор ва сохтани хоҷагиҳои сершумори моҳипарварӣ низоми гидрологии ин минтақаро вайрон карда, боиси пайдо шудани шӯрзаминҳо ва аз байн рафтани регзорҳо гардидаанд.
Дар чӯли Ёзёвон мори хокистарранг, калтакалос ва боз чанд намуди ҳашароти нодир мавҷуданд. Гузашта аз ин, дар водии Фарғона ғайр аз ин ёдгории табиӣ ягон мамнӯъгоҳ ё минтақаи ба он мушобеҳ вуҷуд надорад, ки олами набототу ҳайвоноти нодирро таҳти муҳофизати худ қарор дода бошад.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди чӯл ёдгории табиии «Биёбонҳои Ёзёвон» ҷойгир аст, ки 105,7 гектар майдон дорад. Ин ёдгории табиӣ дар қисмати шимолу ғарбии ноҳияҳои Ёзёвон ва Қӯштеппаи Фарғонаи Марказӣ воқеъ гашта, дорои системаи биологии хоса мебошад.
Дар олами набототи ин ёдгории табиӣ 302 намуди растанӣ, аз ҷумла 5 намуди дарахт, 24 намуди бутта ва 10 намуди нимбутта, 98 намуди гиёҳи бисёрсола, 165 намуди гиёҳи яксола ба чашм мерасанд. Аз ин растаниҳо 91-тоаш шифобахш ва 81-тоаш алафҳои бегона мебошанд.
Наргис Қосимова аз даст додани чунин як ёдгории хурди бебаҳои табииро аз эҳтимол дур намедонад ва бо таассуф таъкид мекунад, ки кишоварзони ин маҳал ҳатто намедонанд, ки баъзе аз хазандагони ин ҷо ба «Китоби Сурх» шомил шудаанд ё не. Зеро ин барои онҳо ҳаргиз муҳим нест. Танҳо мехоҳанд даромад ба даст оваранд. Бинобар ин, дастандаркорон ҳангоми ба деҳқонон тақсим кардани замин бояд ба ин ҷиҳати масъала аҳамияти хоса зоҳир намоянд.
Вақте сухан дар бораи Ёзёвон меравад, зикри нуқтаи назари заминшиноси Институти зоологияи Академияи фанҳои Ӯзбекистон Мария Гритсина низ аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зист бояд 13 қисмати боқимондаи биёбони Ёзёвонро зери муҳофизат гирад. Танҳо дар чунин ҳол барои шоликорӣ ва моҳидорӣ ҷудо кардани заминҳоро пешгирӣ кардан имконпазир мегардад.
Ба ақидаи Мария Гритсина баланд бардоштани маърифати омма дар бораи нигоҳ доштани набототу ҳайвоноти нодир хеле зарур аст. Майдонҳое, ки аз тарафи одамон азхуд карда шудаанд, барои зисти растанӣ ва ҳайвоноти эндемик номувофиқ гаштаанд. Ин дар ҳолест, ки рег, олами набототу ҳайвоноти он сарвати Ӯзбекистон, хосатан вилояти Фарғона ба шумор мераванд.
Мутахассисон зери назорату ҳимоят қарор додани биёбони Ёзёвон ва олами набототу ҳайвоноти онро хеле муҳим мешуморанд. Калтакалосу ҳашарот ва растаниҳои биёбонӣ, ки барои аксар ноаёнанд ва ночиз ба назар мерасанд, бояд ҳифз карда шаванд. Зеро онҳо барои давомнокии биологӣ ва нигоҳ доштани табиати биёбон барои наслҳои оянда хеле муҳим мебошанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.