МАСКАНИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР

Таълимгоҳи бачагонаи «Баркамол авлод»-и ноҳияи Чуст аз мактабҳои ҷудогонаю марказҳои таълимии пешина бартариҳои зиёде дорад. Маскани мазкур 292 гурӯҳу 87 маҳфил дошта, дар самтҳои тайёрӣ ба таълими олӣ, забонҳои хориҷӣ, маданият, санъат, техника, тарбияи ҷисмонӣ, ҳунармандӣ, экологӣ, сайёҳӣ ва монанди инҳо кор мебарад.

Бо дигар шудани замон фаъолияти масканҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, Хонаи пешоҳангону мактаббачагон, марказҳои табиатшиносон ва техникҳои ҷавон барин муассисаҳои таълими навоҳӣ, ки хоси даври шӯроҳо буданд, барҳам хӯрд. Дар мамлакатамон, ғайр аз мактабҳо, ба таври изофӣ, барои такмили дониш, самтдиҳӣ ба интихоби касбу ҳунаромӯзӣ дари таълимгоҳҳои хосса, марказу курсҳо ба рӯйи бачагону ҷавонон боз шуданд. 

Таълимгоҳи бачагонаи «Баркамол авлод»-и ноҳияи Чуст аз мактабҳои ҷудогонаю марказҳои таълимии пешина бартариҳои зиёде дорад. Маскани мазкур 292 гурӯҳу 87 маҳфил дошта, дар самтҳои тайёрӣ ба таълими олӣ, забонҳои хориҷӣ, маданият, санъат, техника, тарбияи ҷисмонӣ, ҳунармандӣ, экологӣ, сайёҳӣ ва монанди инҳо кор мебарад. Аҷибаш ин аст, ки шумораи духтарони ба илм, касбу ҳунаромӯзӣ шавқманд 2259 нафар — нисбати писарони ҳунардӯсти он ҷо қариб се баробар зиёд аст. Шумораи роҳбарони дорои маълумоти миёнаи махсуси гурӯҳу маҳфилҳои таълимгоҳ нисбати мутахассисони маълумоти олидор 2 маротиба зиёд аст. Қобили қайд аст, ки дар мактабҳои сершумори таълими умумӣ 60 маҳфил, дар 11 маҳалла, алалхусус, дар маҳаллаҳои Панҷсада 2, Сероб 1 ва дар ҳудуди деҳаи Варзик 9 маҳфили онҳо фаъолият доранд.

Муваффақиятҳои ин маскани илм зиёданд. Чанде аз хонандагон аз рӯйи ҳунарҳои зебою дилбастаашон — сураткашӣ, шоҳмоту шашкабозӣ, рақс ва дӯхтудӯз дар қуввасанҷиҳо фаъолона иштирок намуда, соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ шуданд. Шогирдони зиёд дар қувваозмоиҳои арифметикаи равон (менталӣ) борҳо ҷойҳои олӣ, якум ва дуюмро ба даст дароварданд. Ба наздикӣ боз хушхабар расид, ки дар озмуни байналхалқии арифметикаи равонӣ дар пойтахти Озарбойҷон — шаҳри Боку барпошуда хонандагон Беҳрӯз Исмоилов ҷойи олӣ ва Одилбек Алиев ҷойи аввалро гирифта, баргаштанд.

Аҳли таълимгоҳ соли гузаштаро бо фатҳи қуллаҳои дониш ва зафарҳо анҷом доданд. 25 нафар дар баҳсҳои фаннии хориҷӣ ғолиб шуда ва нафаре аз хонандагон дар озмуни ҷумҳуриявии суратҳо ҷойи аввалро ишғол карданд.

Ш. МИРЗОЕВ.

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: