120 НАФАР ШАҲРВАНД РОҲХАТҲОИ КОРӢ ГИРИФТАНД

Аз ҷониби Вазорати коҳиш додани камбизоатӣ ва шуғли Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар шаҳри Нуқус ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид, ки дар он 154 корхона ва ташкилот бо зиёда аз 500 ҷойи холии корӣ иштирок намуданд.

Ба ярмаркаи меҳнат тақрибан 480 нафар сокинони маҳаллаҳои шаҳру ноҳия ҷалб карда шуданд.  Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба 120 нафар шаҳрванд роҳхатҳои корӣ дода, 30 нафари онҳо бо кори доимӣ таъмин гардиданд.  Илова бар ин, аз ҷониби ташкилотчиён ба 16 нафар шаҳрвандон барои курсҳои касбомӯзӣ роҳхат ва ба 4 нафар ҷавонон субсидия дода шуд.

Суратгир: М. Ҳабибуллоев (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: