ТАШКИЛИ ТАЪЛИМИ ИНФИРОДӢ ДАР ХОНА: АФЗАЛИЯТ ВА МУШКИЛОТ

Дар асоси қарори ҳукумат барои кӯдаконе, ки дар рушди ҷисмонӣ ё равонии худ нуқсон доранд, ё худ муддати дароз табобат мегиранду аз рӯи тавсияҳои тиббӣ наметавонанд ба мактаб доимӣ ё муваққатӣ ҳозир шаванд, ташкили таълими инфиродӣ дар хона ба роҳ монда мешавад.

Мақсади асосии таълими мазкур таъмини ҳуқуқи кӯдакон бо таҳсил ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои омӯзиши онҳо, мутобиқи стандарти давлатӣ аснои ба роҳ мондани таҳсилоти миёнаи умумӣ ва талаботи махсус барои кӯдаконе, ки дар рушди зеҳнӣ камбудӣ доранд, такмил додани қобилияти ҷисмонӣ ва ақлии кӯдакон, дар онҳо ривоҷ додани тарбияи арзишҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва шаҳрвандӣ ва таъмини ҳифзи саломатии таълимгирандагон тавассути риоя роҷеъ ба мувофиқи дарсҳо мебошанд.

Тибқи қарори мазкур роҳбари ҳар як мактаб кӯдакони нуқсдор, ки дар ҳудуди мактаб истиқомат мекунанд, муайян намуда ба қайд мегиранд ва барои ҷалб кардани онҳо барномаи таълими инфиродӣ дар хона чораҳои зарурӣ меандешанд.

Таълими индивидуалӣ чӣ гуна ба роҳ монда мешавад? Ба онҳо омӯзгорон дар хона ё муассисаҳои махсус таълим медиҳанд. Барнома ва усули таълим ба ниёз ва имкониятҳои шахсии таълимгиранда мутобиқ карда мешавад. Мақсад рушди қобилият ва фароҳам овардани имконияти ҳамгироии иҷтимоӣ мебошад. Ин тарзи таълим ба ҳаматарафа дастрас намудани таҳсилот ва ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон равона шудааст. Таълими индивидуалӣ аз омӯзгорон ва волидон ҳамкории ҷиддиро талаб мекунад, зеро ҳар шахс эҳтиёҷи махсуси худро дорад. Муҳимтарин чиз он аст, ки барномаи таълимӣ бояд ба талаботи индивидуалии хонанда мувофиқ бошад. Ҳангоми кор бо чунин хонандагон, мақсад натанҳо ёрии таълимии муассир, балки рушди иҷтимоии эмотсионалӣ ва маънавии онҳо низ мебошад.

Чанд усул ва принсипҳои кор бо хонандагони таълимгирандаи яккатартиб мавҷуд мебошад.

Индивидуализатсия кардани барнома. Ҳар як хонанда як шахсияти фардӣ аст ва бояд барнома ё усули таълимӣ барои ӯ таҳия шавад. Бо дарназардошти қобилият, эҳтиёҷот ва ҳадафҳои таълимӣ, барномаи таълимиро бо истифода аз манбаъҳои гуногун тартиб додан ба мақсад мувофиқ аст. 

Ба муқобили гурӯҳҳои калон, ки дар мактаб ё синфхонаҳои анъанавӣ таҳсил мекунанд, таълимгирандагони яккатартиб имконияти беҳтари гирифтани таълими муфассал ва мукаммалро доро мебошанд.

Таълим дар асоси талабот ва қобилият. Ба хонанда барои дуруст ва самарабахш дарк кардани мавзӯъҳо дар доираи хусусиятҳои шахсии ӯ кумак бояд кард. Агар хонанда салоҳияти баланд дар як соҳа дошта бошад, омӯзгор метавонад ба ӯ имконият диҳад, ки дар ин соҳа бештар кор кунад ё барномаи таълимиро бо хоҳиши ӯ пеш барад.

Технология метавонад дар баёни таълим дар шакли алоҳида кумак кунад. Барои хонандагони бо эҳтиёҷоти махсус ё талаби қавӣ дар соҳаҳои технологӣ, намудҳои таълими онлайн, татбиқи барномаҳои интерактив ё истифодаи методологияи махсус мувофиқ аст.

Кумак ва дастгирӣ. Ҳангоми кор бо хонандагоне, ки дар шакли яккатартиб таълим мегиранд, кумакҳои махсуси психологӣ низ муҳим аст. Хонандагон метавонанд дар ҷабҳаи эҳсосӣ ва иҷтимоӣ муаммоҳо дошта бошанд. Онро омӯзгор бояд фаҳмад. Бо тартиб додани дарсҳои шавқовар ва ҷалби диққати хонанда роҳи ҳалли муамморо ёбад. Бо вуҷуди ин бояд имконияти ҳамкорӣ бо дигар аъзои оила ё ҳамсояҳо ба роҳ монда шавад, то хонанда худро аз мушкилот раҳо созад. Дар маҷмӯъ онҳое, ки бо хонандагони яккатартиб сарукор доранд, шеваи омӯзиш ва омӯзониданро мувофиқи эҳтиёҷи махсуси онҳо мутобиқ намуданашон лозим. Хонанда бояд дар муҳити ором ва бехалал вориди таҳсил шавад. Барои таҳсил хонаи махсус ҷудо кардан ҷоиз мебошад. Барои хонандагоне, ки бо баъзе сабабҳо дар хона таълим мегиранд, истифодаи интернет ва манбаъҳои онлайн барои таҳсили курсҳои омӯзишӣ метавонад кумак расонад. Тафовутҳо дар муҳити иҷтимоӣ ё муносибатҳои шахсӣ барои беҳтар шудани ҳолати равонӣ ва иҷтимоии хонанда таъсиргузор бояд бошад.

Ба хонандагони яккатартиб мотиватсия ва ҳавасмандкунӣ нақши муҳим мебозад. Ба онҳо ин имкониятро бояд дод, ки муваффақият ва пешрафтро эҳсос кунанд.

Истифодаи методҳо барои хонандагони яккатартиб.

Истифодаи методҳои таълимӣ барои хонандагони яккатартиб мувофиқи эҳтиёҷоти шахсӣ, қобилият ва усулҳои мухталифи омӯзиш бояд бошад. Аз ин усулҳо хонанда метавонад бештар мавзӯъро дарк намояд ва ба таҳсил шавқу рағбат пайдо кунад.

Таълим бо такя ба эҳтиёҷоти ҳар як хонанда сурат мегирад. Ҳар хонанда назар ба имкониятҳои хеш ба модулҳои таълими муваффақ пайваст мешавад. Барои ин таълимдиҳанда метавонад барои омӯзондани мавзӯъ ба хонандагон аз таҷрибаҳои гуногун истифода намояд. Хонанда ҳангоми гузаронидани таҷриба мавзӯъро дуруст дарк кунад.

Усули саволу ҷавоб барои фаҳмидани мавзӯъ муҳим аст. Омӯзгор метавонад ба хонанда саволҳои мушаххас диҳад, ки онҳо барои ҷустуҷӯи ҷавоб ва баёни он бояд фикр кунанд, ки ин раванд фаъолияти равонии онҳоро қавитар мегардонад.

Иштирок дар курсҳои онлайн ё истифодаи видео, вебинар ва манбаъҳои муосир як усули хеле муассир барои таълим мебошад.

Методи дахолат ё тағйири шахсият. Бо истифода аз шеваи дахолат, хонандагон метавонанд дар вазъияти реалӣ шахсияти худро баррасӣ кунанд ва мақсадҳои таълимӣ ба онҳо бештар мувофиқ гардонида шавад. Тавассути ин метод омӯзгор ба хонанда аз навгониҳои соҳаи таълим ва маълумотҳои хушҳолкунанда хабар медиҳад, ин ба хонанда кумак мекунад, ки бо имконпазир будан ба худ боварӣ пайдо кунад.

Гурӯҳҳои хурд ва фишорнаоваранда. Бо вуҷуди он, ки хонандагон якка таҳсил мекунанд, онҳо метавонанд дар гурӯҳҳои хурд ҳамкорӣ кунанд. Омӯзиш дар гурӯҳҳои хурд метавонад муҳити дуруст ва ҳамдигарфаҳмии хонандагонро фароҳам оварад.

Методи пешгирӣ аз хато. Тавассути ин метод хонанда аз хато худдорӣ мекунад. Бо шеваи «пешгирӣ аз хато» хонандагон хатои худро мефаҳманд ва усулҳои дурустро барои ба хато роҳ надодан истифода мебаранд. Истифодаи ин методҳо барои хонандагони яккатартиб ба мақсад мувофиқ аст.

Меҳрубонӣ ва дастгирӣ барои хонандагони яккатартиб ҷузъи муҳими раванди таълим мебошад, ки таъсири хеле мусбӣ ба рушд ва ҳавасмандии онҳо хоҳад дошт. Меҳрубонӣ ба хонандагон кумак мекунад, ки ҳисси бехатарӣ, оромиш ба омӯзиш дошта бошанд. Омӯзгор ва волидон бояд ба эҳтиёҷи омӯзиш ва эҳсоси хонанда таваҷҷуҳ кунанд.

Ҳамкории маҳалла бо хонандагони яккатартиб.

Маҳалла ҳамчун як ҷузъи муҳити иҷтимоӣ метавонад нақши муҳим дар таҳсил ва рушди хонандагони яккатартиб бозад. Метавонад манбаъҳои таълимӣ: мисоли китоб, компутер ва дастгоҳҳои алоқаи интернетиро ба хонанда фароҳам оварад. Ихтиёриёнро ҷалб намояд то аз ҳолати рӯҳиву маънавии хонанда доимо хабардор бошанд ва кумаки худро дареғ надоранд. Маҳалла барои чунин хонандагон барномаҳои соати истироҳат ё рӯйдодҳои иҷтимоии бофароғат, мисли намоиш, бозиҳои фароғатӣ ташкил намуда, барои хонандагон руҳияи баландро эҷод кунад.

Заррина РАҲМАТОВА,

роҳбари иттиҳоди методии мактаби рақами 79-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: