АҲАМИЯТИ ТАМОЮЛҲОИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ДАР ҶАМЪИЯТ

Таҳаммулпазирӣ, кушодадилӣ ин таҳаммул намудан ба тарзи зист, хулқу рафтор, одат, эҳсосот, фикру мулоҳиза, ғоя ва эътиқодҳои атрофиён мебошад. Дар замони муосир толерантӣ хеле муҳим мебошад.

Аз ин рӯ, бо мақсади баланд бардоштани огоҳӣ аз аҳамияти таҳаммулпазирӣ дар бунёди ҷомеаи осоишта ва фарогир аз соли 1995 инҷониб 16 ноябр аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид чун Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ муқаррар шуд ва ҳамасола таҷлил мегардад. 

Бояд гуфт, ки таҳаммулпазирӣ арзиши асосӣ бобати бунёди ҷаҳони одилона ва созгор аст. Таҷлили ин рӯз ба таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни мардум аз табақаҳои гуногуни ҷомеа мусоидат мекунад.

Дар Ӯзбекистони Нав низ муносибати толерантиро нисбат ба халқ, миллат ва динҳои гуногун мушоҳида кардан мумкин аст. Дар моддаи 19-уми таҳрири нави Сарқонун низ таъкид гардидааст, ки «Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ ва озодиҳои якхела доранд ва сарфи назар аз ҷинс, нажод, миллат, забон, дин, эътиқод, зуҳури иҷтимоӣ, вазъи иҷтимоӣ дар назди қонун баробаранд». Ин модда пойгоҳи тамоюлҳои таҳаммулпазириро дар ҷамъият мустаҳкам намуда, чун асоси қонунии корҳо дар ин самт хидмат мекунад.

Дар асл, ин мафҳум тӯли асрҳо дар дину арзишҳои мо аҳамияти худро инъикос намудааст. Сабукӣ ва ҳалимӣ асоси ҳар дини биҳиштӣ аст. Чунки тибқи тафсири Қуръони карим, дини илоҳӣ масъалаи табиӣ мебошад. Яъне шабеҳи санги гаронбаҳоест, ки барои офариниши камолоти инсон зарур аст. Аз ин рӯ, амри илоҳӣ ва нақшаҳои амалӣ ба фитрати инсон мувофиқат мекунад. Яъне дар шариати муқаддас даъвате вуҷуд надорад, ки дар умқи фитрати инсонӣ реша нагирифта бошад. Шариат бо он чизе, ки дар умқи ҳастии инсон вуҷуд надорад, мухолиф мебошад.

Бунёди дини ислом, комилтарин дини илоҳӣ низ ҳамин аст. Сабукӣ ва ҳамоҳангшавии он бар пояи оёту ҳадис бо қонуну қоидаҳо муқаррар гардидааст. Таҳаммул ва сабр бар зидди эътиқод ва хулқу атвори муқобил, бахусус, эътиқод ва табъу рафтори динӣ дар асоси таълимоти динӣ ин таҳаммулпазирии динӣ мебошад. Сахтгирӣ ва бетаҳаммулӣ нисбат ба эътиқод ва хулқу атвори муқобил, ки дар заминаи таълимоти динӣ пайдо мешаванд, мухолифат, носозгории динӣ мебошад.

Мувофиқи ин, дар фарҳанги динӣ таҳаммулпазирӣ дар тамоюли қабули ин ё он дин мавҷуд аст. Яъне одамон дар интихоб ва қабули дин озод мебошанд.

Аз ин рӯ, инсон ба василаҳои худшиносӣ таваҷҷуҳ намуда, метавонад бо кумаки ваҳй ва ҳидоятҳои паёмбарони илоҳӣ (с), инчунин бо озодии комил ва ихтиёрӣ дар роҳи ҳидоят ва наҷот биравад. Бинобар ин, дар ислом инсон дар қабул ва интихоби дини худ аслан озод аст ва дар дин маҷбурсозӣ нест (ояти 256, сураи Бақара). Пас, дар интихоби дин ва эътиқод маҷбур кардан мумкин нест. Он бо қаноатмандӣ ва ризоият пазируфта мешавад.

Ба таърих назар афканем, аз аввалин давлатдорӣ, ки дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ тасвир шудааст, то сиёсати кунунии давлатдорӣ, ҳолати мушаххасеро гувоҳ мешавем. Яъне дар ҳаёти иҷтимоии кадом давлат аз тамоюлоти таҳаммулпазирӣ бештар истифода намуда бошанд, он кишвар рушд кардааст. Масалан, таназзули мамлакат дар замони Заҳҳок ва рушди бесобиқаи давлат дар даври ҳукмдории Фаридун.

Азбаски одамон аз таърих ибрат намегиранд, гоҳо такроршавии таърихро гувоҳ мешавем. Агар ба гузаштаи 100-соли охири давлатҳои Туркия ва Эрон, ки таърихи муштарак доранд, назар андозем, натиҷаҳои тамоюлҳои таҳаммулпазирӣ баръало ба чашм мерасанд.

Дар ин ду мамлакати ҳамсоя ва ҳамсон, дар як вақт ду шахсияти тавоно қудратро ба даст оварданд. Яке шоҳи Эрон Ризохон Паҳлавӣ (1878-1944) мебошад, ки пас аз сулолаи Қоҷор ба сари ҳукумат омад ва дигаре Мустафо Камол Отатурк (1881-1938) мебошад, ки баъд аз Усмониён давлатро ба даст гирифт.

Ҳар ду бо як мақсад – рушди ҷамъият, навсозии он давлатро идора карда, ислоҳоти тамаддунсоз намудаанд. Барои рушди ҳамаҷониба, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми сазовор ишғол кардани давлатҳояшон талош карданд. Масалан, Мустафо Камол Отатурк пас аз барҳам хӯрдани сулолаи Усмониён, чор сол бо юнониён меҷангад ва ғалаба мекунад. Баъд аз пирӯзӣ Туркияро чун ҷумҳурӣ эълон мекунад ва худ аввалин президенти он таъин мегардад. 15 сол давлатро идора карда, дар ин байн ислоҳоти зиёдро амалӣ менамояд, ки аз ҳам ҷудо кардани дин ва сиёсат, боздоштани фаъолияти мадрасаҳо, тағйир додани алифбо, ному насаби мардум ва ғайра аз ин ҷумлаанд. Ба маъное Туркияро аз нав месозад.

Ризошоҳи Паҳлавӣ Эронро чун ҷумҳурӣ эълон кард. Ба сулолаи Паҳлавиён асос гузошт. Барои барқарор кардани қудрати бостонии Эрон ба ислоҳот шурӯъ кард, номҳоро форсӣ намуд ва ҳиҷобро иҷборан аз сари занон бардошт. Мақсади ӯ навсозӣ кардани давлату миллат, дарёфти пешрафт ва рушди он буд.

Тавре аён аст, дар он замон ҳадафу нияти сарони ду кишвар як буд ва мехостанд як давлати дунявӣ ва тавоно бунёд кунанд. Ҳар ду роҳбар бобати бозсозии иқтисодию сиёсии ҷамъият талош карда, ба маъное ба баъзе муваффақиятҳо ноил гардида буданд.

Ҳарчанд ду сарвар барои оянда нақшаҳои якхела доштанд, дар татбиқи онҳо роҳҳои гуногунро пеш гирифтанд ва аз ин сабаб ҳоло аз онҳо ба таври гуногун ёд карда мешавад.

Тавре аз баррасии таърихи ин ду давлат мебинем, таҳаммулпазирӣ дар ободӣ ва рушди ҷомеа яке аз омилҳои муҳим ба шумор меравад. Мавҷудияти ин омил дар ҷомеа аз дониш, саводнокӣ ва огоҳиву ҷаҳонбинии мардум дарак медиҳад. Дар натиҷа ҷомеае, ки дорои шаҳрвандони огоҳ аст, пеш меравад. Аз ин рӯ, дар давлатҳое, ки ақиб мондаанд, поймол шудани тамоюлҳои таҳаммулпазирӣ, мавҷудияти маҳдудият ва таассуб дар ҷомеа ба чашм мерасад.

Ислоҳоти густурдае, ки солҳои охир таҳти сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат дар Ӯзбекистон амалӣ мегарданд, пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сатҳи маърифати занон дар ҷомеа, таҳкими волоияти қонун, васеъ намудани ҷаҳонбинии мардум, таъмини шуғли аҳолӣ, бахусус афзунсозии фаъолии зану духтарон дар ҷомеа, инчунин, татбиқи барномаҳои мубориза бар зидди камбизоатӣ ба баланд бардоштани рӯҳияи аҳолӣ мусоидат мекунад.

Дар натиҷа ҷомеа пеш меравад, сатҳи маънавияти мардум воло гардида, тамоюлҳои толерантиро дуруст дарк мекунанд, тарзи зиндагӣ, хулқу атвор, одат, эҳсос, андеша, ғоя ва эътиқоди атрофиёнро таҳаммул менамоянд. Дар пойгоҳи ин хатоҳои таърих такрор нагардида, барои рушду пешрафти мамлакат замина фароҳам мешавад.

Наргис ШОАЛИЕВА,

дотсенти кафедраи «Забонҳои ӯзбекӣ ва хориҷӣ»-и Академияи байналмилалии исломи Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: