ТАҲДИД БА ЁДГОРИҲОИ ТАБИИРО ҚОНУН МАНЪ КАРДААСТ

Дар соли 2024 аз тарафи шуъбаҳои минтақавии хоҷагии давлатии ҷангал парвариши бештар аз 5 миллион бех ниҳоли дарахтони ноёби манзаравӣ, инчунин дарахтоне, ки чӯби он барои сохтмони иншоот зарур аст ва буттаҳо ба роҳ монда шуд.

Ба манзури таъмини иҷрои қарори Президент аз 6 октябри соли 2020 «Дар бораи тасдиқи консепсияи рушди сохтори хоҷагии ҷангал дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030» дар вилояти Фарғона корҳои зиёд ба анҷом расидаанд. Дар ин бора директори хоҷагии давлатии ҷангали Фарғона Аваз Ҳакимов маълумот дод.

– Муҳофизат ва афзоиши хазинаи ҷангал, истифодаи оқилона аз он, модернизатсияи пойгоҳи моддиву техникӣ ва истифодаи фаровон аз дастовардҳои илму фан авлавияти вазифаҳоеро ташкил медиҳанд, ки Сарвари давлатамон дар назди мо гузоштааст. Дар ин замина моро лозим меояд, ки мунтазам кафолати таъмини ниҳолҳои дарахтони ороишӣ ва мевадиҳандаро ба миқдори зарурӣ таъмин намоем, – изҳор намуд Аваз Ҳакимов.

Тавре мавсуф қайд намуд, кормандони соҳа дар баробари иҷрои вазифаҳо, ҷиҳати рушди парвариши ҳайвоноти гуногун, мурғ, моҳипарварӣ, асалпарварӣ ва монанди он саҳм мегиранд. Дар соли 2024 аз тарафи шуъбаҳои минтақавии хоҷагии давлатии ҷангал парвариши бештар аз 5 миллион бех ниҳоли дарахтони ноёби манзаравӣ, инчунин дарахтоне, ки чӯби он барои сохтмони иншоот зарур аст ва буттаҳо ба роҳ монда шуд.  

– Идораи мо солона як миллион дона ниҳоли дарахти «Лола», ҳамин миқдор ниҳоли дарахтони санавбари «Қрим» ва «Элдор», садҳо ҳазор адад ниҳоли сафедору тут, каштану павлония, ангур, чормағз ва амсоли онро парвариш мекунад. Соли гузашта дар майдони 50 гектар 13 намуди ниҳоли дарахтони нисбатан камёб парвариш намудем. Барои ин 10 тонна нурии маъданӣ ва 12,5 тонна поруи маҳаллӣ истифода гардид, – мегӯяд директори хоҷагии давлатии ҷангали Фарғона.

Тайёр кардани тухмиҳои дарахтону буттаҳои ороишӣ як ҷанбаи кори мутахассисони соҳаро ташкил медиҳад. Дар соли сипаришуда ҳудуди 4 тонна тухмӣ тайёр карда шудааст. Аваз Ҳакимов таъкид кард, ки мисли тамоми соҳаҳои кишвар хоҷагии давлатии ҷангалро низ татбиқи ислоҳоти доманфарох фаро гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ дар 40 гектар кӯчати ниҳолҳое парвариш ёфт, ки маҳсулаш дар корҳои сохтмон истифода мешавад. Гузашта аз ин, дар 10 гектар парвариши ниҳолҳои чормағзро ба роҳ монданд. Дар 20 гектари дигар барои тавсеаву афзоиш додани ҳудуди ҷангалзорҳо дарахтони гуногун шинониданд, ки тавассути агротехникаи замонавӣ парвариш меёбад.

– Ҳоло дар ихтиёри Хоҷагии давлатии ҷангал дастикам 100 сар моли шохдор, 406 оилаи занбӯри асал, 905 паррандаи гуногун мавҷуд аст. Дар 4 гектар ҳавзи моҳипарварӣ бар асоси шартнома моҳӣ парвариш мекунем. Ҳоло тасмим гирифтаем, ки домани ин соҳаҳои сердаромадро беш аз пеш васеътар гардонем ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, барои арзон шудани маҳсулоти бозори дохилӣ ҳисса гузорем, – гуфт Аваз Ҳакимов.

– Боз кадом ҷанбаи кор мавҷуд аст, ки барои васеъ шудани домани фаъолияти шумо мусоидат менамояд?

– Дар шуъбаҳои таҳти тасарруфи хоҷагии ҷангал якуним гектар гармхона барпо шудааст, ки аз ҳисоби заминҳои корами хоҷагии давлатии ҷангал берун мебошад. Боз ташкили 2 гектар гармхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар гармхонаҳо парвариши помидору бодиринг ва кӯчатҳои сабзавоти гуногун ба роҳ монда шудааст. Инчунин ниҳолҳои лимӯ парвариш меёбанд.

Аз гуфтаҳои Аваз Ҳакимов бармеояд, ки дар баробари парвариши ниҳолҳои бодому чормағз, дар 37 гектар майдон рустаниву гиёҳҳои дармонбахш ва гулҳои рангоранг парвариш карда мешаванд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Сӯхи дурдаст 100 гектар майдонро барои парвариши заъфарон ҷудо кардаанд ва аллакай ҳосили он ба кишварҳои хориҷӣ содир карда шуд.

– Тибқи нақшаи соли 2024 дар 194 гектар бо роҳи шартнома маҳсулоти кишоварзӣ, мисли 250 тонна сабзавот, 69 тонна ғалла ва ҷуворимакка, 36 тонна маҳсулоти полизӣ, 30 тонна картошка, 254 тонна меваи тар, 11 тонна маҳсулоти зироати равғандор ва 2,5 тонна чормағз истеҳсол кардем, – мегӯяд Аваз Ҳакимов. – Дар соли 2023 ҷамъи даромад 4 миллиарду 111 миллион сӯмро ташкил дода бошад, дар соли 2024 он ду баробар афзоиш ёфт. Дар ин миён 250 ҷои нави корӣ ташкил гардид.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: