Киштӣ дар уқёнуси кушод қобилияти шиноварӣ дар шароити тӯфони 9-балларо дошта, метавонад 22 ҳазор мил масофаи баҳриро тай кунад.
Эрон киштии «Martyr Bagheri»-ро, ки барои кашондани дронҳо ба нерӯҳои баҳрии ҳарбии худ пешбинӣ шудааст, қабул кард, хабар медиҳад Tasnim.
Киштӣ метавонад эскадиляҳои дронҳоро ҷойгир кунад, дронҳои ҷангиро ба парвоз барорад ва дигар таҷҳизоти марбутаро идора кунад.
Илова бар ин, «Martyr Bagheri» имкон дорад киштиҳои ҷангии сабук ва тези ҳарбиро ба об сар диҳад, чархболҳои низомӣ ва ёрирасонро интиқол диҳад. Он бо платформаи мобилии парвози чархболҳо муҷаҳҳаз буда, низомҳои ҳамлавии баландсуръатро дастгирӣ мекунад.
Киштӣ дар уқёнуси кушод қодир аст дар шароити тӯфони 9-балла фаъолият кунад ва 22 ҳазор мил роҳи баҳриро бидуни сӯзишворӣ тай кунад, ки ин имкони анҷоми миссияҳои то яксоларо бе таъмини иловагии сӯзишворӣ медиҳад.
Ба гуфтаи адмирал Ализо Тангсирӣ, фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Корпуси посдорони инқилоби исломӣ (КПИИ), киштӣ дар тӯли ду сол ба воситаи азнавҷиҳозонии як киштии тиҷоратӣ сохта шудааст.