«Толибон» радиостансияи ягонаи занонаи Афғонистонро баст

Радиостансия барои духтарони аз таҳсил маҳрумшуда дарсҳо пешкаш мекард.

Ҳукумати «Толибон» радиостансияи “Radio Begum”-ро, ки ягона радиои занона дар Афғонистон буд, баст.

Тибқи маълумоти CNN, Вазорати иттилооти «Толибон» изҳор доштааст, ки сабаби баста шудани радиостансия "пайваста вайрон кардани сиёсати пахш ва истифодаи нодурусти иҷозатномаи радиоӣ, аз ҷумла пахши мундариҷаи хориҷӣ бе иҷозат" будааст. Гуфта мешавад, ки сарнавишти ояндаи Radio Begum «дар вақташ” муайян хоҳад шуд.

Кормандони радиостансия мегӯянд, ки Толибон ба офиси онҳо дар Кобул ҳуҷум карда, компютерҳо, дискҳо ва телефонҳоро мусодира намуда, ду корманди радиоиро боздошт кардаанд.

Пеш аз баста шудан, Radio Begum барои занон дар саросари Афғонистон рӯзона шаш соат дарсҳо пахш мекард, инчунин барномаҳои сиҳатӣ, равоншиносӣ ва маънавӣ пешкаш менамуд.

Радиостансия гуфтааст, ки "мақсади он танҳо таълими духтарони афғон ва дастгирии занон буд, на фаъолияти сиёсӣ".

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: