ПУРСИШНОМА ДАР БАЙНИ 10 МАКТАБИ НОҲИЯИ САРИОСИЁ АНҶОМ ЁФТ!

Дар пурсишнома, ки аз 1-уми феврал (соати 11:00) оғоз ёфта, то 7-уми феврал (соати 10:00) идома кард, 8964 нафар шаҳрвандон овоз доданд.

Дар саҳифаи расмии рӯзномаи “Овози тоҷик” дар телеграм бо мақсади муайян кардани мактаби фаъолу пешқадами ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё дар байни ҳафт мактаб, ки таълим бо забони тоҷикӣ аст, пурсишнома гузаронида шуд.

Дар пурсишнома, ки аз 1-уми феврал (соати 11:00) оғоз ёфта, то 7-уми феврал (соати 10:00) идома кард, 8964 нафар шаҳрвандон овоз доданд.

Бино ба натиҷаҳои ҷамъбастӣ мактаби таълими умумии рақами 51-уми деҳаи кӯчаи Мустақиллики ҷамоати шаҳвандони маҳаллаи Себзори ноҳияи Сариосиё (директор Диловар Иззатуллоев) бо ҷамъ овардани 3644 овоз ҷойи якумро ба даст оварданд.

Ҷойи дувум ба ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 38-уми кӯчаи Ниҳондараи ҷамоати шаҳвандони маҳаллаи Себзори ноҳияи Сариосиё (директор Зайнаб Раҳмонова), ки 2809 овоз ҷамъ карданд, насиб кард.

Ҷойи сеюмро бо ҷамъоварии 1342 овоз ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 82-юми кӯчаи Дӯстлики ҷамоати шаҳвандони маҳаллаи Себзори ноҳияи Сариосиё (директор Саодат Сангинова) соҳиб шуданд.

Дар пурсишнома ҷамоаи мактабҳои 80 (316 овоз), 8 (283 овоз), 12 (173 овоз), 68 (140 овоз),  14 (108 овоз),  52 (99 овоз)  ва 29 (50) овоз ҷамъ карданд.

Ба ҳамаи онҳое, ки дар раванди овоздиҳӣ фаъол иштирок карданд, ТАШАККУР мегӯем.

Ёдовар мекунем, ки дар бораи ҳаёти мактаби фаъолу пешқадами ноҳияи Сариосиё – мактаби рақами 51, ки дар пурсишнома овози бештар ҷамъ карданд, мақола омода ва таҳти рукни “Аз ҳаёти як мактаб” дар рӯзнома чоп мегардад.

Бино ба хулосаи ҳайати рӯзнома нахуст дар бораи мактаби рақами 51-уми маҳаллаи Себзор ва баъдан бо назардошти талошу ҳаракат ва ташаббускориҳои ҷамоаи мактабҳои 38 ва 82, ки ҷойҳои ифтихории дуюм ва сеюмро ба даст оварданд, мақола омода карда мешавад.

Бо эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи "Овози тоҷик".

 

P/S: Овозҳое, ки муштариён баъд аз соати 10:00 доданд, қабул карда намешаванд.



 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: