ДАСТОНИ МУЪҶИЗАОФАРИ ҲАЙКАЛТАРОШ

Ҳайкалтарошӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои заҳматталаб аст.

Ҳайкалтарошӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои заҳматталаб аст. Замоне бо як омӯзгори ҳамкор барои ба мактабамон овардани нимпайкараи Абӯрайҳон Берунӣ (он гоҳ таълимгоҳ номи ӯро дошт), ки бинобар дархост тайёр шуда буд, ба комбинати ҳайкалтарошии Тошканд рафта будем. Ҷараёни кору ҳайкалҳои хурду калони гуногун ва манзараи пурҷозибаи коргоҳи ҳунарро то ҳол дар хотир дорам.

Ҳар боре, ки ба шаҳри Бухоро ё ба зодгоҳи Шайхурраис – деҳаи Афшонаи ноҳияи Пешкӯ равам, ҳайкали Абӯалӣ ибни Синоро дида, сарам ба осмон мерасад. Дар «Лабиҳавз»-и шаҳри Бухоро тамошои асари Шапиро – «Насриддин Афандӣ»-и харсавор хурду калонро шод мекунад. Мехостам дар бораи ҳайкалтароше чизе нависам, вале намедонистам, ки дар вилоят намояндагони ин ҳунар ҳастанд ё не. Шавқ раҳбар шуду ба қарибӣ ба идораи Иттиҳодияи «Ҳунарманд»-и вилоят занг задам. Баъди чанде шахси тасодуфие гӯшакро бардошт ва гуфт, ки роҳбар Акбар Муҳаммедов ба идораи ҷумҳурӣ ба кор гузаштанд. Дигар суҳбати мо қатъ ёфт. Азбаски бегоҳии рӯзи ҷумъа буду вақти корӣ поён меёфт, занги навбатии мо пагоҳии рӯзи душанбе сурат гирифт. Яке аз кормандони масъули иттиҳодияи «Ҳунарманд»-и вилоят Сардор Аҳмадов аз мақсади мо огоҳ гашта, баъди каме таваққуф маслиҳат дод, ки беҳтарин ҳайкалтароши вилоят Дилмурод Раҷабовро аз зодгоҳаш – ноҳияи Пешкӯ пайдо кардан мумкин аст. Ниҳоят бо мадади сарвари шуъбаи ноҳиявии иттиҳодияи «Ҳунарманд» Саёҳат Исломова вохӯрии мо бо Раҷабов сурат гирифт. Маълум шуд, ки вай дар деҳаи Ваҳмкор буду бош дорад. Вақте мутасаддиёни соҳа дар бораи фаъолияти пурсамари Д.Раҷабов ҳам дар миқёси вилоят ва ҳам дар пойтахт ҳарф заданд, гумон кардам, ки ҳайкалтароши солдидаест. Чун бо ӯ вохурдам, аён гардид, ки акнун баҳори 36-уми умрро пешвоз мегирад. Дилмурод инсони самимӣ, хоксор, меҳнатдӯст, хушгуфтор, пурғайрат, накӯкор ва ростгӯй, мехоҳад баҳри мардум, ёру диёр хидмат кунад.

Аз бачагӣ дар ҳалқаи ҳамсиннонаш дар лаби ҷӯй аз лой сохтани ҳар гуна шаклҳо, аз ҷумла одамак, танӯрак, аспак, оҳуяк, бобою бибӣ ва ғайраро дӯст медошт. Дар синфҳои поёнии мактаб таҳсил мегирифту баъд аз дарс боз бо рафиқони худ дар асоси афсонаҳои омӯхтааш аз лой қаҳрамонони онро меофарид. Падару модараш ин рафтори фарзандашонро дида, ӯро назди омӯзгори санъати тасвирӣ ва нақшакашии деҳа Муҳиддин Солиев бурданд. Омӯзгор аз истеъдоди ғайриодии Дилмурод огоҳ гардида, ӯро ба шогирдӣ қабул кард. Ҳамин тариқ чун анъанаи қадимӣ «устоду шогирдӣ»-и онҳо оғоз ёфт. Солиевро мардум баъди кори мактаб бо мақсади лою гил, гаҷкорӣ ва пардозу ороиши манзил таклиф мекарданд. Омӯзгор ин корҳоро бо маҳорати баланд ба сомон мерасонд. Гулу манзара, тасвирҳои пурҷозибаи ӯро дида, мухлисонаш меафзуданд. Дар чунин ҳолатҳо шогирди хурдсолаш мададгораш буд. Ҳам кумак мерасонд, ҳам маҳорати ҳунарии худро такмил медод. Тадриҷан вай мусаввирӣ, гилкорӣ, гаҷкорӣ, манзараофарӣ ва ғайраро омӯхт ва бо супориши устодаш ин корҳоро мустақилона иҷро карда метавонистагӣ шуд. Ҳангоме ки дар синфи IX мехонд, устод ба вай фотиҳаи хайр дод.

Ҳамин тариқ шогирд низ устод гардид. Вай аз устод Салим Шукруллоев, ки дар деҳаи ҳамсояи Навгаҳон зиндагӣ дошт, ҳунари кандакории чӯбро омӯхт.

***

Дилмурод хонандаи синфи VII буд, падараш ба садама дучор шуда аз кор бозмонд. Тангии иқтисодӣ, душвориҳои рӯзгор ба оила фишор оварданд. Ба модари хонанишин осон набуд. Таътили тобистонаи талабагон оғоз ёфту Дилмурод ба Тошканд раҳсипар шуд. Аз автобус фуромаду рост сӯйи мардикорбозор рафт. Албоми лавҳаҳои ҳунарӣ дар даст аз қатори мардикорон ҷо гирифт. Ба умеди харидории корафтодагон чун дигарон интизорӣ кашид. Вақти зиёд нагузашт. Шахсе наздаш омад ва пурсид:

– Ту ин ҷо барои чӣ омадӣ?

– Барои кор.

– Аз куҷо?

– Аз Бухоро.

– Чӣ ҳунар дорӣ?

Дилмурод албоми дасташро ба вай дароз кард ва ба пурсишҳояш ҷавоб дод. Марди ба ҳайратомада нобоварона ба наврас менигарист ва аз назди вай дур намерафт.

– Агар хоҳӣ, якҷо кор мекунем, – таклиф намуд вай, ки Усто Ҳусен ном доштааст.

Дилмурод аз пайи Усто Ҳусен қадам ниҳод.

– Ба шогирди дилхоҳ эҳтиёҷ дорам, агар табъи дил кор кунӣ, туро ба ёварӣ мегирам, – гуфт Усто. Онҳо сӯйи мавзеи Қарақамиш раҳсипар шуданд. Маълум шуд, ки Усто Ҳусен «евроремонт» кардани манзили нави шахсеро ба зимма гирифтааст. Онҳо ниҳоят ба кор оғоз карданд. Дилмурод ҳар як супориши усторо пухтаю босифат ба анҷом расонда, сазовори таваҷҷуҳи ӯ мешуд. Ҳамин тариқ кори онҳо барор гирифт. Рӯзи дигар Дилмурод ба ягона рақами телефони деҳаашон, ки он гоҳ ба ҳамсояашон буд, занг зада, хоҳиш намуд, ки падару модарашро аз мусофириаш огоҳ намуда, онҳоро хотирҷамъ кунад. Баъди бист рӯз Дилмурод бо рухсати устодаш бо маблағу туҳфаҳо ба зодгоҳ баргашт. Ҳамин тариқ барои вай роҳи рафтуо ба пойтахти мамлакат, ҳамкорию таҷрибаомӯзӣ бо устодони нав ба нав ва камолоти ҳунарӣ боз гардид.

Ӯ рӯзе дар ҳавлиашон муҷассамаи шерро сохта, аҳли оила ва ҳамсоягонро ба ҳайрат овард.

***

Соли 2005 синфи IX мактаби рақами 7-уми ба номи Низомии Ганҷавиро бо баҳои аъло хатм карда, ҳуҷҷатҳояшро ба коллеҷи омӯзгории Галаосиё супурд. Вай он ҷо таҳсил мегирифту аз ҳунари ӯ ҷамоаи таълимгоҳ баҳраманд мешуд. Агар маҳсули дастони Дилмурод шаклҳои математикӣ, куб, силиндр, конус, пирамида, кура, нимкура ва ғайра дарсхонаро зебу оро диҳад, ороишу тасвири манзараҳо ба бино ва толорҳои он ҷозиба мебахшид.

Таҳсили коллеҷ поён ёфту Дилмурод барои такмили маҳорати мусаввирию ҳайкалтарошӣ ба шаҳри Бухоро, назди устоди мактаби санъати ба номи Камолиддин Беҳзод Наим Неъматов рафт ва тӯли ду сол маҳорати касбии худро ҳам аз ҷиҳати назарӣ ва ҳам амалӣ мустаҳкамтар намуд. Баъд бо орзуҳои нек бо мақсади соҳиби маълумоти олӣ шудан ҳуҷҷатҳояшро ба факултети меъмории Донишкадаи технологияи муҳандисии Бухоро супурд, вале натиҷаи имтиҳони эҷодӣ эҷодкори ҳақиқиро рӯҳафтода намуд...

***

Дилмурод барои кор ба Тошканд рафт ва дар ҷараёни таъмири Донишгоҳи миллӣ иштирок кард. Маъмурияти донишгоҳ аз қобилияти ҳунарии вай огоҳ гардида, нақшаҳои пешбиникардаашонро бо кумаки мусаввир ва ҳайкалтароши бухорӣ рӯйи об баровард. Оҳуи баландиаш 3-метраи боғи донишгоҳ, уқобу лаклак диққати атрофиёнро ҷалб сохтанд.

Роҳбарону мутасаддиёни донишгоҳ аз вай истифода мебурданд. Кафедраи таълими ҳарбӣ ва гирду атрофи онро симоҳои пурҷозибаи гаҷкории дамидаи Амир Темур, Ҷалолиддин Мангубердӣ, Мирзо Улуғбек, Тумарис, тасвири лойҷанги Соҳибқирон, даромадгоҳи донишгоҳ ва шуъбаҳои онро «Регистони Самарқанд», «Чор манор»-и Бухоро, «Роҳи абрешим», «Харитаи Ӯзбекистон», акси таҷҳизоти ҳангоми кофтукови ҳафриётӣ ёфтшудаи ёдгориҳои таърихии Бухоро, Самарқанд, Хоразм ва ғайра шукӯҳи нотакрор бахшиданд. Овозаи дастони муъҷизаофари Дилмуродро роҳбарони вазорату Академияи бадеии Ӯзбекистон, олимону мутасаддиёни соҳа низ шунида, ба дидани маҳсули дастони ҳунарманди бухороӣ меомаданд. Тадриҷан доираи фаъолияти вай васеътар мешуд.

***

Дилмурод рӯзе харобаи шафати мактаби деҳаро ҳамвор карда, дар он ҷо ҳайкали оҳуеро сохт. Ин ҳайкал диққати ҳар як роҳгузарро беихтиёр сӯйи худ мекашид. Боре аз ин ҷо ҳокими ҳамонвақтаи ноҳия Амрилло Назаров гузашта, назди «оҳу» таваққуф кард. Азбаски ҳайкал ғайриодӣ ва ҷозибадор буд, писанд омад. Ӯ муаллифи онро пурсид ва Дилмуродро назди ҳоким ба мавзеи «Боғи Мусо» бурданд. Бо супориши роҳбар дар он ҷо ҳайкалҳои қувони сафед, оҳу, симои қаҳрамонони афсонаҳои халқиро офарид. Ҳоким хурсанд шуда пурсид:

– Чӣ талаб дорӣ?

– Мехоҳам устохонаи корӣ дошта бошам.

Ҳоким ба вай аз назди ҳайкали оҳу – шафати мактаби деҳа барои бунёди устохона 2 сотих замин ҷудо кард. Ниҳоят устохона бунёд гардид ва Дилмурод ба орзуйи деринааш расид. Дар «Боғи Абӯалӣ ибни Сино»-и ноҳия нимпайкараи ҳамдиёри шуҳратмандаш Синоро офарид. Туфайли заҳматҳои чандинмоҳаи ӯ ва шогирдонаш дар майдони хотираи он ҷо муҷассамаи «Модари мотамзада», ки 5 тонна вазн дошт, падид омад. Бо азму кӯшиши Дилмурод ва ёваронаш чунин ҳайкал майдонҳои хотираи ноҳияҳои Шофиркон, Вобканд, Қаровулбозор, Олот, Рометан, Ҷондор, Бухоро, шаҳри Бухороро зеб дод.

Дилмурод ҳоло донишҷӯи курси дуюми шуъбаи ғоибонаи факултети санъатшиносӣ, санъати тасвирӣ ва амалии ДДБ буда, баҳри ободу зебо, дилкашу пурмаъно шудани кошонаи илми диёраш саҳм мегузорад.

Устохонаи ҳунарии Раҷабов, ки чанд сол ин ҷониб фаъолият дорад, ба штаби пуриқтидори ободгардонии диёр табдил ёфтааст. Беҳуда нест, ки вай ҳоло чун шуъбаи Маркази малакаҳои касбии ноҳияи Ҷондор баҳри тайёр кардани мусаввирону ҳайкалтарошон, бобати рӯи об баромадани Барномаи «Аз нодорӣ ба фаровонӣ»-и мамлакат нақши муҳим мебозад. Ҳоло бештар аз сад нафар шогирдони Дилмурод дар кору зиндагӣ мақоми худро ёфтаанд.

– Ман фарзанди Холмурод Раҷабови туркман ва Дилбар Йӯлдошеваи тоҷик ҳастам. Шодам, ки дар мамлакати мо мақоми дӯстии халқҳо волотар мегардад. Таҳти роҳбарии сарвари давлат орзую ормонҳои халқамон рӯйи об мебароянд, – мегӯяд ӯ.

Дилмурод ва ҳамсари ӯ Зарина Муъминова соҳиби писар – Дилшодбек ва духтар – Нилуфар мебошанд.

– Онҳо ба ҳунари шумо меҳр доранд?

– Доранд, вале ҳоло як чиз гуфтан мушкил аст. Замоне падарам маро ба касби милисагӣ водор намуда, ба шуъбаи тарбияи ҷисмонии коллеҷи омӯзгорӣ монда буд, меҳри мусаввирию ҳайкалтарошӣ зӯрӣ кард...

– Ҳайкалтарошӣ душвор аст?

– Хеле душвор. Тасаввур кунед, барои сарф кардани як коса лой баъзан як рӯзи дароз камӣ мекунад. Дуруст сохтани чини рӯ, хати пешонӣ, раги дамида, нигоҳи маънидор, тори абрӯ ё ки ҳолати мӯ баъзан тақдири ҳайкалро ҳал мекунад. Беҳуда нест, ки сад кас бо орзуи шогирдӣ наздамон меоянду баъди машғулияти чандрӯза онҳо ду-се нафар мемонанд. Заҳмати ин касбро на ҳар кас бардошта метавонад. Сабаби асосии камии ҳайкалтарошон дар ҳамин ҷост. Боз чизи дигар: шахсе, ки мусаввир, кандакор, наққош, гилкор... набошад, ҳайкалтарош шуда наметавонад. Илова бар ин, ба дараҷаи кофӣ донистани илмҳои анатомия, таърих, психология, математика, нақшакашӣ, физика, биология имкон медиҳад, ки ҳайкал табъи дил бунёд шавад.

– Барои сохтани ҳайкал санги кӯҳ (гранит), яъне санги хоро, чӯб (чормағз, чанор), гаҷ ва намудҳои он, семент, елим, пашм (аз они барра, буз), рангу бор, арматура, филизот, искана, алмос, намудҳои гуногуни мафтгин, андова, сим ва ғайра лозиманд.

Бояд таъкид намуд, ки Дилмурод бо диплому ифтихорномаҳои зиёд ҳавасманд гардонда шудааст. Вай одати аҷиб дорад, баъди иҷрои кор ба вай чизе, ки медиҳанд, ба он қаноат мекунад, музди кор кам бошад ҳам, онро ба ҷои «пур» мебинад, аз шод кардани дили касе сараш ба осмон мерасад.

– Агар аз паси пул медавидам, кайҳо сарватманд мешудам, – мегӯяд вай.

– Дар рӯзгор чӣ изтиробу ташвишҳо доред?

– Беоқибатию ваъдахилофии одамон, баъзе роҳбарон маро дилгир кардааст. Тоифае аввал аз мо истифода бурда, дар атрофамон парвона мешаванд, ҳамин ки корашон буд шуд, дигар моро намешиносанд.

Ба ҳар ҳол бовар дорам, ки корҳои ман, асарҳои офаридаам солҳо боқӣ мемонанд...

– Ба шумо комёбиҳои беш аз пеш орзу мекунем.

– Ташаккур.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: