Ман дар яке аз муассисаҳои бонуфузи кишварамон – Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон мехонам.
Донишҷӯйи соли сеюми факултаи журналистикаи байналхалқӣ мебошам. Ба қарибӣ мо имтиҳонҳои сессияи зимистонаро бомуваффақият супурда, ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар карда шудем. Ҳамсабақонам ба корхонаву коргоҳу ташкилот ва рӯзномаҳои гуногун рафтанд, ман идораи «Овози тоҷик»-ро, ки ягона рӯзномаи тоҷикии ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад, интихоб кардам. Маро дар ин ҷо хуш истиқбол карданд.
Ҳоло мехоҳам нахустмақолаам дар бораи ин донишгоҳи маъруф, таъриху сарнавишт, умуман фаъолияти он ва устодони азизи ин даргоҳи донишу забономӯзӣ бошад.
Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки ин мактаби олӣ соли 1992 баъди соҳибистиқлол шудани мамлакат дар пояи муттаҳид намудани Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷӣ, ки соли 1949 таъсис ёфта буд ва Донишкадаи давлатии омӯзгории забон ва адабиёти рус ба номи Пушкин ташкил гардида, мақоми Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистонро гирифт, яъне таърихи беш аз 75-сола дорад.
Ҳоли ҳозир дар ин ҷо зиёда аз 25 ҳазор донишҷӯ беш аз 20 забони хориҷиро дар пояи меъёрҳои мавҷудаи байналмилалӣ меомӯзанд, аз худ мекунанд.
Донишгоҳ ҳар сол дар 15 самт мутахассисони бакалавр ва дар 13 соҳа магистрҳоро тайёр мекунад. Донишҷӯён дар давоми таҳсил бинобар соҳаҳои забоншиносӣ, назарияи таълими забон, тарҷума, тарҷумашиносӣ ва ғайра донишҳои амиқи илмӣ ва амалӣ мегиранд. Дар донишгоҳ иртиботи кунунии байни забонҳо ва фарҳангҳо аз ҷумлаи равандҳои асосии низоми таълим ба шумор меравад.
Омӯзгорони оянда дар факултаҳои 1, 2 ва 3-юми филологияи англисӣ, романию немисӣ, русӣ усул ва услубҳои самарабахши таълими забонро аз худ менамоянд. Факултаи назария ва амалияи тарҷума дар навбати худ тарҷумонҳои баландихтисосро аз забонҳои англисӣ, немисӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, чинӣ тайёр мекунад.
Хатмкардагони донишгоҳ, шогирдоне, ки оид ба забонҳои хориҷӣ соҳиби донишҳои амиқ шудаанд, фаъолияти мустақилонаи худро дар соҳаҳои мухталифи сатҳи байналмилалӣ бомуваффақият ба роҳ мемонанд.
Он санад, ки хатмкардагони ин муассисаи олӣ алҳол ҳамчун мутарҷимони баландпоя, омӯзгорони тавонои забонҳои хориҷӣ, сиёсатшиносу сиёсатмадор, ходимони созмонҳои байналмилалӣ, кормандони корхонаҳои муштарак кор мекунанд, шаҳодати рушду пешрафти ин даргоҳи таълимӣ аст.
Маркази илмию амалии ҷумҳуриявӣ оид ба пешбурди усулҳои инноватсионии таълими забонҳои хориҷии назди донишгоҳ, ки дар мамлакат ягона аст, аз ҷумлаи муассисаи пешқадами таълими олӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳоло донишгоҳи мо таҳти сарварии ректор, доктори фанҳои педагогӣ, профессор Илҳом Тӯхтасинов муносибатҳои байналмилалиро бо роҳ мондааст, аз ҷумла бо зиёда аз 60 мактаби олии ҷаҳон дар пояи муоҳидаҳои дуҷониба ҳамкорӣ дорад.
Ногуфта намонад, ки дар назди донишгоҳ литсейи академӣ ҳам фаъол аст, ки аз соли 2007 амал мекунад. Дар он хонандагон – хатмкардагони муваффақи синфи 9-ум бинобар самтҳои забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ, аз ҷумла математика, забон ва адабиёти русӣ қабул карда мешаванд.
Таълим дар литсей ба забонҳои давлатӣ ва русӣ аст. Бояд гуфт, ки англисӣ ва немисӣ забонҳои асосии хориҷии ин литсей ба шумор мераванд. Забонҳои фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, куриёӣ, испанӣ, арабӣ ва туркӣ забонҳои иловагии таълимӣ маҳсуб меёбанд.
Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ, Идораи маркази мактабҳои олмонӣ дар хориҷа, Иттиҳодияи омӯзгорони забонҳои англисии Ӯзбекистон шарикони ин литсейи академӣ мебошанд.
Ораш Акабоев,
донишҷӯйи соли сеюми Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон, таҷрибаомӯз.