Вазири адлияи ҷумҳурӣ Акбар Тошқулов ба иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ҳуҷҷати нишондиҳандаи ҷуғрофии «Нони Самарқанд»-ро супурд, ки сифат, маъруфият ва дигар хусусиятҳои маҳсулоти нонӣ ба баромади ҳудудии он вобаста аст.
Нон – яке аз таомҳои маъмул буда, мувофиқи маълумотҳои археологӣ истеъмоли донаҳои рустаниҳои хӯшадор ҳанӯз 10-15 ҳазор сол муқаддам оғоз ёфта, усулҳои пухтани он гуногун мебошад. Аммо орди гандум ҳар ҷо – пухтанаш ҷо-ҷо!
Вазири адлияи ҷумҳурӣ Акбар Тошқулов ба иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ҳуҷҷати нишондиҳандаи ҷуғрофии «Нони Самарқанд»-ро супурд, ки сифат, маъруфият ва дигар хусусиятҳои маҳсулоти нонӣ ба баромади ҳудудии он вобаста аст.
Боиси ифтихору хушнудист, ки нони Самарқанд дар дунё маълуму машҳур буда, ҳатто дар Русия, Ҳиндустон, як қатор давлатҳои Аврупо ва Амрико пухта мешавад.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.