БУНЁДИ ШАҲРАКИ ШИРИН БО ҲАМКОРИИ ФАРОНСА

Бо ташаббуси Сарвари давлатамон дар соҳили рӯди Зарафшон шаҳраки замонавии Ширин сохта мешавад, ки дар масоҳати 660 гектар майдон доман паҳн хоҳад кард.

Дар он маҷмӯаҳои истиқоматӣ, савдову тиҷорат, мактабу кӯдакистон, хиёбони истироҳат, майдони варзиш ва ғайра сохта мешаванд, ки ба ин кори неку хайр вакилони давлати Фаронса низ саҳми арзанда мегузоранд.

Бо ҳамин муносибат таҳти роҳбаладии сарвари Шӯрои «Ӯзбекистон – Фаронса» ва раиси ширкати «Orano» Клод  Ивовен як гурӯҳ мутахассисони соҳаи меъморӣ ба Самарқанд омаданд. Меҳмонони фаронсавиро иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев пазируфта, бо онҳо суҳбат орост.

– Хеле хушҳол ҳастам, ки бори дувум ба шаҳри афсонавӣ ташриф оварда, аз ёдгориҳои таърихии Самарқанд дидан кардам. Мо баъди мулоқоти кушоду самимона ба хулосае омадем, ки минбаъд дар баробари ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, тандурустӣ, нақлиёти ҷамоатӣ, варзиш ва фарҳангӣ, якҷоя бо шаҳрсозӣ низ машғул мешавем, – гуфт К. Ивовен.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: