ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ НЕРУИ БАРҚ – ВАЗИФАИ МО

Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ аз ҷониби Ширкати саҳҳомии «Шабакаҳои энергетикии минтақавӣ» таҳти мавзӯи «Корҳои рақамӣ дар соҳа, мушкилоти имрӯза ва нақшаҳои оянда» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Солҳои охир соҳаи энергетикаи мамлакати мо бо суръати баланд рушд ёфта, аз шохаҳои асосии иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Тӯли солҳои пешин дар тамоми гӯшаву канори мамлакат обанборҳои барқӣ, истгоҳҳои электрикӣ ва дигар воситаҳои истеҳсолкунандаи барқ сохта шуданд, ки имрӯз натиҷаҳои хуб медиҳанд. Дар соҳа қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ низ роҳандозӣ мешавад.

Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ аз ҷониби Ширкати саҳҳомии «Шабакаҳои энергетикии минтақавӣ» таҳти мавзӯи «Корҳои рақамӣ дар соҳа, мушкилоти имрӯза ва нақшаҳои оянда» нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарон ва кормандони ширкат ва мутахассисони соҳа иштирок карданд.

Роҳбари хидмати ахбори соҳаи мазкур Фахриддин Нуралиев таъкид кард, ки бо мақсади ба иҷро расондани вазифаҳои муҳими рӯзмарра аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомӣ  дар соли ҷорӣ низ чораҳои зарурӣ ба нақша гирифта шудаанд ва бино бар рушди соҳаи энергетика амалӣ мешаванд. Қонеъ гардондани эҳтиёҷи истеъмолчиён бо қувваи барқ ва мунтазам таъмин кардани пешрафти сохтори электр ва энергетика, ҳамчунин таъмин намудани истифодаи оқилона ва самарабахш аз захираҳои сӯзишворӣ ва қувваи барқ аз вазифаҳои асосӣ мебошанд.

Тавре ки мутахассисони ширкат дар баромадҳои худ қайд кардаанд, муайян намудани дурнамои рушди соҳаи энергетика, таҳияи стратегия, баланд бардоштани самаранокии энергия, татбиқи тарҳҳои каммасраф, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршаванда ва энергияи муқобил яке аз вазифаҳои асосӣ ба шумор меравад. Илова бар ин, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, рушди заминаҳои ҳамкориҳои энергетикӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, таъмини ҳамгироии дурусти захираҳои энергетикӣ аз вазифаҳои асосии ширкат мебошад.

Алҳол оиди масъалаҳои тибқи қоидаҳои истифодабарӣ аз қувваи барқ, васл кардани истеъмолчиёни ҷумҳурӣ ба шабакаҳои электрӣ, тартиби гузоштани ҳисобкунакҳои электрӣ ва истифодаи оқилона аз манбаъҳои электрӣ корҳои зиёд ба анҷом расиданд.

Оиди вазифаҳои зикршуда, дар соли ҷорӣ низ як қатор корҳо ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамчунин, таъмин намудани соҳа бо технологияи нави замонавӣ, баланд бардоштани ҳаҷми хидматрасонӣ, кам кардани миқдори харҷи сӯзишвории ҳатмӣ, васеъ намудани истифода аз манбаъҳои неруи муқобил дар хоҷагиҳои ёрирасон ва ғайра як қатор лоиҳаҳои зарурӣ коркард шудаанд.

Сипас роҳбарону мутахассисони соҳа оид ба корҳои амалишуда ва нақшаҳои оянда маълумоти муфассал доданд.

Далер Азизов,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: