ПАЁМИ ТАБРИКИИ ПРЕЗИДЕНТ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ИШТИРОКДОРОНИ СИМПОЗИУМИ IV БАЙНАЛМИЛАЛИИ «АЛИШЕРИ НАВОӢ ВА ЭҲЁИ ШАРҚ»

Муҳтарам иштирокдорони симпозиум!

Муҳтарам иштирокдорони симпозиум!

Меҳмонони азиз!

Пеш аз ҳама, Шумо, азизонро бо ифтитоҳи Симпозиуми IV байналмилалии «Алишери Навоӣ ва Эҳёи Шарқ» аз таҳти дил самимона табрик мекунам.

Нуфузи ин форум, ки дар сарзамини бостонии Ӯзбекистон ва бори аввал дар воҳаи зебоманзари Зарафшон, шаҳри ҷавоне, ки ба номи намояндаи бузурги давраи Эҳёи Шарқ, шоир ва мутафаккири бузург Мир Алишери Навоӣ гузошта шудааст, баргузор мегардад, дар сатҳи ҷаҳон сол аз сол меафзояд. Дар анҷумани навбатӣ аз мамлакатҳои қитъаҳои Осиё, Африқо, Аврупо ва Амрико иштирок кардани олим ва тадқиқотчиёни маъруф низ ин фикрро комилан тасдиқ мекунад.

Баргузории ин анҷуман дар вилояти Навоӣ, ки дар он соли ҷорӣ “Соли Алишери Навоӣ” эълон шудааст, инчунин, дар рӯзҳои таҷлили васеи 584-умин солгарди зодрӯзи ниёи бузургамон, файзу шукӯҳи онро боз ҳам афзунтар мегардонад.

Дӯстони азиз!

Фаъолияти серпаҳлӯйи иҷтимоӣ-сиёсӣ, эҷодӣ, илмӣ-маърифатӣ, мероси ғании адабӣ-фарҳангии Алишери Навоӣ, ки дар таърихи адабиёт ва тафаккури ҷаҳонӣ осори фаромӯшнашаванда гузоштааст, дар давоми асрҳо ҳамчун рамзи бузурги инсонпарварӣ, садоқат ба Ватан, адолат ва некӣ ҳамеша таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст.

Дар шароити ниҳоят мураккаб ба майдон баромада, ғояҳои миллӣ ва умумибашариро пешбарӣ кардан, ба забони адабии ӯзбекӣ асос гузоштан, рӯҳ, қудрат ва фасоҳати ҷовидонии онро аз ҳар ҷиҳат собит кардани ҳазрат Мир Алишери Навоиро намунаи ҷасорати ҳақиқии маънавӣ гӯем, хато нахоҳем кард.

Ин симои мумтоз асарҳои нодири ба мизонҳои адабиёти ҷаҳон, санҷишҳои замон ва таърих комилан ҷавобгӯйро офарида, на танҳо дар рушди адабиёти ӯзбек, балки тамоми адабиёти турк саҳми беандоза гузоштааст, ки ин сазовори эҳтиром ва эътирофи ҳақиқатан бепоён мебошад.

Воқеан, дар радифи асарҳои бузурги мутафаккирони адабиёти ҷаҳон қарор доштани мероси бебаҳои эҷодии Алишери Навоӣ ба мо ғурур ва ифтихори бепоён мебахшад.

Бахусус, аҳамияти ғояву нигоҳҳои ниёи мутафаккири мо, ки ба таҳкими сулҳу дӯстии халқҳои гуногун ва муштаракан бунёд намудани ояндаи дурахшони башарият даъват мекунанд, дар замони хатарноки кунунӣ торафт меафзояд.

Имрӯз мо дар раванди бунёди Эҳёи Сеюм дар Ӯзбекистони Нав асарҳои Алишери Навоиро барои худ манбаи бепоёни неруву ғайрат ва илҳом медонем. Аз ин рӯ, амиқ омӯхтан ва тарғиб кардани ин сарвати ноёби маънавӣ ҳамеша дар маркази диққати мо хоҳад буд.

Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо, азизон ва ба ҳамаи намояндагони илму фан, ки дар ин бобат бо олимони мамлакатамон фаъолона ҳамкорӣ мекунанд, миннатдории самимонаи худро изҳор менамоям.

Инчунин ба мардуми шаҳру вилояти Навоӣ ва роҳбарони мутасаддӣ, ки ба ин анҷуман омодагии ҳамаҷониба дида, ҷашни зодрӯзи Алишери Навоиро бо шодиву хурсандӣ ва бунёдкориҳои бузург истиқбол мегиранд, самимона ташаккур мегӯям.

Бори дигар шуморо аз таҳти дил табрик гуфта, ба ҳамаатон саломатии мустаҳкам, дар фаъолияти илмию эҷодӣ барору комёбиҳои бузург, дар кори анҷуман бошад, муваффақият таманно дорам.

Шавкат МИРЗИЁЕВ,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: