Натиҷаҳои сафари Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона бо вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз рӯйи пешниҳодҳои сафорат ҷиҳати таъмини мактабҳои ноҳия бо китобҳои бадеӣ, илмӣ ва оммавӣ ибрози омодагӣ намудааст. Инчунин вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкориро бо фаъолон, зиёиён ва адибони ин гӯшаи биҳиштосои вилояти Фарғона ба нақша гирифтааст. Дар ин замина омадааст, ки сафари ҳунарии ҳунармандони Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон, аз ҷумла ноҳияи Сӯх дар моҳи майи соли 2025 сурат хоҳад гирифт.
Бино ба хабари сафорати Тоҷикистон дар идома Вазорати нақлиёти ин кишвари ҳамҷавор масъалаи рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро тавассути роҳи Сӯх – Исфара ба мақсад мувофиқ шумурдааст. Интизор меравад, ки дар ҳолати беҳтар шудани вазъи сиёсӣ дар ин минтақа ва кушода шудани гузаргоҳи сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи мазкур ҳаллу фасли худро пайдо хоҳад кард.
Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон низ аз пешниҳодҳои сафорати худ дар Тошканд ҷонибдорӣ кардааст. Ин ниҳод зарурати кушодани роҳи алтернативии Сӯх – Исфараро барои шаҳрвандони ду кишвар мувофиқи мақсад хондааст. Сафорат мегӯяд, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барқарор намудани равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба воситаи роҳи автомобилгарди Исфара – Сӯх танҳо пас аз ба анҷом расонидани делимитатсияи сарҳадҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон имконпазир мешуморад.
Дар хабари сафорат тазаккур ёфтааст, ки ба Тоҷикистон даромадани шаҳрвандони Ӯзбекистон пас аз кушода шудани гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» имконпазир мегардад, зеро он низоми гузариши байналмилалиро касб менамояд. Ба ҳудуди ноҳияи Сӯх ворид шудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз низоми дар ин масир мавҷудбудаи байни Қирғизистон ва Ӯзбекистон вобаста аст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФарҒона.