ЧАРО ҶАВОНОН ДАР СОҲАИ ИНТИХОБКАРДАИ ХУД МУВАФФАҚ НАМЕШАВАНД?

Алҳол торафт бештар хатмкунандагони мактабҳои таълими ҳамагонӣ саъй менамоянд, ки соҳиби маълумоти олӣ шаванд. Довталабон ба интихоби касб эътибори ҷиддӣ медиҳанд, ихтисоси хушкардаи худро бо шавқу рағбати зиёд меомӯзанд ва ба дурустии соҳаи интихобкардаи хеш шубҳае надоранд. Вале...

Гап дар сари он аст, ки пасон миқдори зиёди онҳо мувофиқи касбу пешаи интихобкардаашон, ки дар мактаби олӣ аз худ карданд, кор намекунанд, чаро? Аксарияти мактаббачагон, ҳанӯз ҳангоми дар синфҳои болоӣ хондан, касби ояндаи худро интихоб мекунанд ва пайи ин мақсад фанҳои ҳамон соҳаро мустақиман меомӯзанд. Қисми боқимондаи толибилмон бошанд, дар интихоби соҳа ё пешаи минбаъдаи худ дар дуроҳаву сероҳа мемонанд, намедонанд ба кадоме роҳ пеш гиранд, чӣ касберо интихоб кунанд.

Ин гурӯҳи донишомӯзон, яъне онҳое, ки дар интихоби соҳа саргаранг мондаанд, ахиран касби ояндаи худро на аз нуқтаи назари «хости дил», балки аз мавқеи «кадоме обрӯмандтару сердаромадтар» интихоб менамоянд.

Онҳо андеша намекунанд, аз чӣ бошад фаромуш месозанд, ки танҳо мутахассиси хубу доно маблағ, музди зиёд ба даст меоварад. Яъне агар корҷӯ соҳиби дипломи «бонуфуз» бошаду дониши ночиз, ногузир ба бисёр мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавад, ки метавонанд ҳаёти касабавии ӯро хеле мураккаб кунанд. Надоштани дониши касбӣ ба пешрафт ва истиқбол монеа мегардад, ҳарчанд дар ибтидо соҳиби вазифа ҳам шавад. Зеро бидуни донишу таҷрибаи шахсӣ ба зинаҳои баландтари мартаба муваффақ шудан, ҳамчунин даромади бештар гирифтан ғайриимкон мегардад. Дар натиҷа аз назари ҷамоаи худ берун мемонад, ки ин истиқболи баъдинаро душвор месозад.

Кордиҳандагон ҳамеша аз пайи дарёфти мутахассиси соҳибилму соҳибтаҷриба мешаванд, мавҷудияти танҳо диплом корро дар ҷомеа кафолат намедиҳад. Коргузорон фақат шаҳодатномаи дониш не, балки боз донишу кордонии воқеиро тақозо мекунанд. Аз ин рӯ пайдо кардани коре, ки мувофиқи матлаб бошад, мушкил мегардад.

Кор бинобар ихтисос бидуни дониши зарурӣ метавонад ба обрӯ таъсири манфӣ бирасонад. Агар ҳамкорон ва роҳбарон пай баранд, ки коркуни нав кору вазифаи худро уҳда намекунад, ин нисбати вай таассуроти мутахассиси ноуҳдабароро ба миён меоварад, ки бартараф кардани он душвор аст.

Набудани дониш ва таҷриба имкон дорад зиддиятҳои дохилӣ, норизоӣ аз фаъолияти касбии худро ба миён оваранд. Ин боиси коҳишёбии рағбатнокӣ ва оқибат бемуваффақиятӣ дар ҷойи кор шуда метавонад.

Барои ҳаллу фасли ин мушкилот метавон саъю кӯшиш намуд. Пеш аз ҳама, бояд тахассуси касбиро дар мактаб ва пасон дар мактаби олӣ дарк кард.

Донишҷӯёнро лозим аст оид ба касбу пешаи интихобкардаашон маълумоти аниқу дақиқ ва кофӣ дошта бошанд. Ҳамчунин бояд таъкид сохт, ки таҷрибаомӯзӣ ва амалиёт барои ҷавонон имконияти бағоят хуби коромӯзист.

Хулоса, мавҷудияти диплом ин ҳанӯз алифбои кор аст.

Барои дар соҳаи худ комёб шудан рушди пешрафти муттасил зарур мебошад. Ҳамчунин бояд ба худомӯзӣ ва таҷрибаи амалӣ эътибор дод.

Ин қадр ва баҳои коркуни ҷавонро дар бозори меҳнат зиёд мекунад.

Ораш Акабоев,

донишҷӯйи соли сеюми Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон, таҷрибаомӯз.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: