Чанде пеш раиси Кумитаи гумруки ҷумҳурӣ Акмалхӯҷа Мавлонов бо ташрифи амалӣ ба вилояти Намангон омад.
Ӯ дар ноҳияи Косонсой бо кору фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ аз наздик шинос гардид. Аз ҷумла, дар минтақаи хурди саноатии «Намуна» бо фаъолияти истеҳсолии яке аз корхонаҳои калонтарини ноҳия – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Terrijar textile» шинос шуд.
Дар корхона асосан халатҳои занонаву мардона, дастмолҳои нақшини гуногунҳаҷм истеҳсол мешавад. Корхонаи мазкур, ки арзиши умумии лоиҳавиаш 180 миллиард сӯм аст, дар муддати кӯтоҳ бунёд гардид.
Дар сехҳои бофандагӣ, либосдӯзӣ ва рангуборкунӣ беш аз ду ҳазор нафар бонувон ва ҷавонон бо кор таъмин шудаанд. Мувофиқи нақша маҳсулоти хушсифату харидоргир ба кишварҳои хориҷӣ низ содир мешавад.
Шумораи чунин корхонаҳои калон дар вилоят торафт меафзояд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.