Бо ибтикори ширкати нақлиёт ва сайёҳии «Саванна» дар ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон масири ягонаи нақлиёти мусофирбар дар минтақа «Косонсой» – «Ӯш» роҳандозӣ шуд.
Халқҳои тоҷику қирғиз ҳамеша ҳамчун дӯсти наздик, ҳамсояи нек ва шарики стратегӣ ба ҳамдигар такя мекунанд. Қирғизистон ҳамсояи наздиктарин ва шарики боэътимоди Ӯзбекистон маҳсуб меёбад ва таъриху фарҳанги ду халқ ба ҳам пайванди ногусастанӣ дорад. Хурсандиовар аст, ки ин алоқа торафт мустаҳкам мешавад.
Бо ибтикори ширкати нақлиёт ва сайёҳии «Саванна» дар ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон масири ягонаи нақлиёти мусофирбар дар минтақа «Косонсой» – «Ӯш» роҳандозӣ шуд. Акнун автобусҳо аз дидбонгоҳи марзии Косонсой то маркази Ӯш ва аз Ӯш то Косонсой бо нархи дастрас мунтазам ҳаракат хоҳанд кард.
Дар маросими ифтитоҳи хатсайр муовини ҳокими вилоят Б. Нуриддинов, ҳокими ноҳия Д. Қодиров, намояндагони ду халқи бародар ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.
Меҳмононе, ки бо рейси аввал аз Ӯш ба Косонсой омаданд, аз ин қулайиҳо таассурот ва шодии худро пинҳон накарда, мо тарафдори сулҳу якдилии халқҳо ҳастем, мегӯянд.
— Ҳамкорие, ки ба роҳ мондаем, ба ваҳдати халқҳои мо, ободии ноҳия ва густариши соҳаи сайёҳӣ хидмат мекунад, — таъкид кард роҳбари фирмаи «Саванна» Раҳимҷон Мақсудов.
М. Мамаҷонова,
хабарнигори «Овози тоҷик».