Ифтихор аз забони модарӣ, ишқи Ватан ва ғурури миллиро дар қалби касе наметавон маҷбуран ҷойгузин кард. Сад афсӯс, ки ҳоло аксар ҷавонон ва ҳатто калонсолон ҳам майли китобхонӣ надоранд.
Одамоне ҳастанд чун шикамашон сер шавад, димоғашон чоқ, кайфияташон болида мегардад. Тоифаи дигар, агар молу колое фурӯхта, фоидае ба даст оранд, хурсанд мешаванд. Вале, таассуф, ки дар байни мо касони бепарво, лоқайду коргурез ҳам ҳастанд, ки на ғаму ташвиши дунё доранду на дилсӯзи халқу миллатанд. Худованд аз чунинҳо нигаҳ дорад.
Ифтихор аз забони модарӣ, ишқи Ватан ва ғурури миллиро дар қалби касе наметавон маҷбуран ҷойгузин кард. Сад афсӯс, ки ҳоло аксар ҷавонон ва ҳатто калонсолон ҳам майли китобхонӣ надоранд. Шукр, ки дар ин замони орому осоишта пайвандон, хешу табор дорем, вақте ба аёдати онҳо меравем, мавзӯи суҳбати бонувон асосан дар бораи матоъҳои ранг ба ранг, тӯю маърака, зару зевар, таассуроти гаштак ва ҷиҳозҳои хона қӯр мегирад.
Барои дигар кардани мавзӯъ ба писараку духтаракони хонавода аз ҳар боб, аз ҷумла доир ба забон ва адабиёт, таърих, математика савол медиҳам. Баъзеашон бурро ҷавоб диҳанд, баъзеи дигар баҳона пеш меоранд, ки «мо инро нагузаштем».
– Келинмулло, тарбияву ояндаи фарзандон асосан аз модар вобаста, ба хондану дарстайёркунии бачаҳо эътибор диҳед, ёрӣ расонед, – мегӯям дилам сӯхта ба келинамон.
– Эъ, инҳо бо бача машғул шаванд, теливизору телефона кӣ мебинад? – эрод мегирад падаршӯ аз фурсати муносиб истифода бурда.
– Дониши фарзандатон бад не, дастгирӣ кунед. Мактаби миёнаро нағз хонда, сонӣ дар ягон мактаби олӣ таҳсил гиранд, дар оянда мутахассиси хуб мешаванд, ба халқу ҷамъият фоидаашон мерасад, – мегӯям.
– Бо дадеш ҳамин нията дорем, – гуфта ҷавоб медиҳад келинмулло.
Дар маъракае гап аз илму маърифат баромаду сокини маҳаллаи «Даштиобод» Бахтиёр, ки дар паҳлӯям менишаст гуфт:
– Комилака, духтарам ба университет даромад.
– Муборак шавад! Ин хурсандиро соли гузашта гуфта будед, хабар дорам, – ҷавоб додам ман.
– Э, ака, порсол духтари калониам дохил шуда буд, имсол хурдиаш даромад.
Ростӣ, хеле хурсанд шудам, ӯро бародарвор табрик ва гулдухтаронашро дуои нек кардам.
Айёми мактабхонии додарону хоҳарон нисбати дарсхонии онҳо сахтгирӣ мекардам. Бегоҳӣ аз кор монда шуда оям ҳам, бо онҳо як-ду соат дарс мекардем ё китоб мехондем. Ҳоло ҳамаашон соҳиби касбу ҳунаранд, роҳи зиндагии худро ёфтаанд.
Ба қарибӣ дар хонаи модарам барои таҷлили зодрӯзи додарам ҷамъ омадем. Баъди хеле суҳбат барои шавқовар гузаштани нишаст гуфтам:
– Дар «Иди алифбо» ба ман ҳарфи «Қ» омада буд. То ҳол он байтро дар хотир дорам.
Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Қаламкашро ба мақсад мерасонам.
Ин таконе шуду ҳама даврони мактабхонии худро ба ёд оварда, чанд фурсат бо шеъру байтхонӣ машғул шудем.
Комил Ҷӯразода,
ноҳияи Самарқанд.