Равшан пеш аз он, ки ба мактаб шитобад, чун одати дерин назди модар даромад. Модар сари дасторхон нишаста субҳона мехӯрд.
– Ассалому алайкум, модарҷон. Саломатиатон хуб аст?
– Ваалайкум ассалом. Шукр, бачам, хубам. Ту ҳам нағз хоб карда хестӣ? – пурсид модар дар ҷавоби суоли писар ва ӯро сари дасторхони болои сандалӣ хонд. – Келин омада чою нон тайёр карда рафт. Аз ангишти лесидаи печ як-ду гулӯла ҳам оварда ба сандалӣ андохт. Ҳоло бароҳат шиштааму ношто мекунам, – илова кард ӯ.
Равшан табъи модарро чоқ ва чеҳраашро шукуфон дида хурсанд шуд. Ҳарчанд вақти мактабравӣ шуда бошад ҳам, лаҳзае пойҳояшро даруни сандалӣ андохту рӯ ба рӯйи модар нишаст.
Апаи Хайринисо чанд фасли зимистонро бо шавҳараш – Қурбоналӣ дар атрофи сандалӣ мегузаронд, ки солҳои дароз дар корхонаи истихроҷи симоби шаҳраки Ҳайдаркони Қирғизистон кор кардааст. Баъди фавти ӯ аз атрофи сандалӣ дур шудан нахост ва дар арафаи фасли сармои имсола ба писару келин фармуд, ки барояш сандалиро муҳайё созанд.
Равшан пиёлаи чойро аз дасти модар гирифт. Сонӣ аз буридаи нони болои дасторхон як луқма канду ба даҳон бурд ва аз болояш чойи гармро ба роҳат нӯшид.
– Вақти корат дер нашавад, писарам. Худованд шуморо ҳамеша дар паноҳи исматаш нигаҳ дорад, – даст ба рӯ кашида гуфт апаи Хайринисо.
– Ташаккур, модарҷон, – гуфту Равшан хушҳолона сари ҷилави мошин нишаст.
Мактаби рақами 28-ум дар канори деҳаи Ҳушёр воқеъ гаштааст. Солҳои 2009-2010 барои ташкили коллеҷ ин ҷо тибқи дастури давлат бинои боҳашаме сохта шуд, аммо замона дигар шуду фаъолияти аксари коллеҷҳо мутаваққиф гардид ё биноҳои он ба мактабҳои таълими умумӣ табдил дода шуд. Маҳз дар ҳамин гуна бино мактаби таълимоти умумии рақами 28 ташкил ёфт. Ҳоло дар он фарзандони аҳолии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи навтаъсиси «Қақир» ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Равшан Амалов қариб ду даҳсола мешавад, ки дар ин мактаб аз забон ва адабиёти тоҷик сабақ медиҳад.
Шогирдонаш пайи ҳам ду сол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар олимпиадаи вилоятӣ ғолиб баромада, ҳақи ширкат дар олимпиадаи ҷумҳуриявиро ба даст оварданд. Ҳоло Фархунда Мандонова ва Шодиёна Собирҷонова бо гранти давлатӣ ба Донишгоҳи давлатии Фарғона дохил шудаанд ва таҳсилро бомуваффақият идома медиҳанд.
Дар байни шогирдони ӯ Фархунда Мандонова ташаббускор баромад. Вай, дар баробари таҳсил дар курси сеюм, масъули барномаҳои тоҷикии садо ва симои вилоят мебошад. Дарвоқеъ, ӯ кадри Ӯзбекистони Нав аст. Чанде пеш дар як озмуни байналмилалӣ, ки дар сатҳи ИДМ баргузор шуд, мақолаи илмии ӯ дар мавзӯи «Нақши омилҳои тадқиқотӣ ва рушди Ӯзбекистони Нав» ғолиб баромад ва сазовори нишони сарисинагии «Ифтихори миллат» гардид.
Ҳоло вай аз номи вилояти Фарғона дар радифи як гурӯҳ духтарон барои мукофоти давлатии ба номи Зулфия даъвогарӣ мекунад.
– Соли равон низ ду шогирдам дар олимпиадаи вилоятӣ ширкат намуданд. Хонандаи синфи 10 Фариштамоҳ Ҳасанҷонова аз фанни забони тоҷикӣ ҷойи якумро ишғол кард. Аз синфи 11-ум Гулнамо Азимҷонова ба давраи чорум роҳхат гирифт. Ғолибони олимпиадаи вилоятӣ ғайр аз диплом бо мукофотҳои пулӣ низ қадршиносӣ шудаанд. Аз ҷумла, Фариштамоҳ 2 миллиону 250 ҳазор сӯм ва Гулнамо 1 миллиону 125 ҳазор сӯм ба даст оварданд, – мегӯяд Равшан Амалов.
Қобил ба ёдоварист, ки соли таҳсили гузашта аз 13 нафар хатмкардагони мактаби таҳсилоти умумии рақами 28 4 нафар ба мактабҳои олӣ ва 5 нафар ба коллеҷу техникумҳо дохил шуданд. Ғайр аз Шодиёна Собирҷонова, боз се нафар – Муҳаммадиброҳим Рауфҷонов бо гранти давлатӣ ба Донишкадаи политехникии Фарғона, Заҳрохон Эмомалиева ва Муҳаммадалӣ Ҳоҷиакбаров аз тариқи шартнома шомили донишгоҳҳои политехникӣ ва технологияҳои ахбори Тошканд шудаанд.
Ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ-маърифатии мактаб Шаҳзод Султоналиев, ҷонишин оид ба корҳои илмӣ-тарбиявӣ Бахтиёр Содиқов, омӯзгорони фаъол Илёсҷон Мутиллоев (риёзиёт), Асалбек Умарбеков (забони ӯзбекӣ), Муҳаммадҷон Мелибоев (рӯҳшинос), инчунин раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Юнусҷон Аминҷонов, волидони фаъоли ин маҳалла Дилшод Ғаффоров, Рустам Абдуҷабборов, Раҳматҷон Зинатшоев аз фаъолияти омӯзгор Равшан Амалов ситоиш мекунанд ва номи ӯро бо эҳтиром ба забон мегиранд.
– Мактабамон соли чорум аст, ки ба ҳайси муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад. Аммо дар ин давраи кӯтоҳ бори сеюм аст, ки дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ шогирдонамон ғолиб мебароянд ва то давраи ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд. Албатта, ин муваффақияти маъмурият ва ҷамъи омӯзгорони мактаб мебошад. Тавре ки дар ҳама ҷо дида мешавад, ҳар як ташкилоту муассисаи таълимӣ пешоҳангони худро дорад. Равшан Амалов аз зумраи ҳамон омӯзгоронест, ки ҳамеша вазифаи худро бо эҳсоси масъулият анҷом медиҳад ва донишу маҳорати худро мунтазам такмил медиҳад,– изҳор дошт директори мактаб Дониёр Ҳакимов.
Равшан Амалов факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо бо дипломи имтиёзнок хатм кардааст. Ба гуфтаи ӯ ҳамеша вақти холиашро бо хондани китобҳои бадеӣ ва илмию услубӣ, омӯзиши технологияи замонавии соҳаи таълиму тарбия сарф мекунад.
– Дар ин солу замон бо он донише, ки аз устодон зимни таҳсил дар донишгоҳ гирифтаем, наметавон иктифо намуд. Омӯзгорӣ пешаест, ки ҳамеша такмил мехоҳад, вагарна ба қуллаи мурод расидан мушкил хоҳад буд. Хеле мехостам падару модарон низ дар таълиму тарбияи фарзандони худ беэътибор набошанд. Он гоҳ аз чунин фарзандон кадрҳои бофарҳангу болаёқатро мунтазир шудан мумкин аст, – иброз медорад Равшан Амалов.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.