МАКТАБЕ, КИ ДАР “OpenBudget” ПАНҶ МАРОТИБА ҒОЛИБ ГАРДИД

«Буҷаи ташаббуснок» барои ҷамоаи мактаби миёнаи рақами 25-уми ноҳияи Бухоро роҳи самараноки комёбӣ гардид. Онҳо дар лоиҳаи номбурда панҷ маротиба пай дар пай ғолиб шуда, 5 миллиарду 100 миллион сӯм маблағ ба даст дароварданд.

Мактаби миёнаи рақами 25-уми ноҳияи Бухоро дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Хонобод» воқеъ гардидааст. Ин мактаб, ки дар самти ғарбӣ ва наздикии шаҳри Бухоро ҷойгузин шудааст, замоне ба номи Гагарин буд.

Сармуҳаррири собиқи рӯзномаи «Бухорои шариф» марҳум Исо Раҷабов ва шоира Марям Ёдгорова (омӯзгори собиқи мактаб) дастпарварони ҳамин таълимгоҳанд.

Соли хониши ҷорӣ дар мактаб 1005 нафар талабагон таҳсил гирифта, ба онҳо 80 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд. «Буҷаи ташаббуснок» барои ҷамоаи таълимгоҳ роҳи самараноки комёбӣ гардид. Ба онҳо лозим омад, ки бо дастгирии падару модарони деҳаҳои «Хонобод», «Кӯҳнамасҷид», «Талипоч», «Қумработ» ва «Гумгон» дар лоиҳаи номбурда панҷ маротиба пай дар пай ғолиб шуда, 5 миллиарду 100 миллион сӯм маблағ ба даст дароварданд. Ин имконият дод, ки гирду атрофи мактаб ба ивази 300 миллион сӯм бо панҷара иҳота гардад. Инчунин варзишгоҳи мактаб таъмир ва муҷаҳҳаз гардонда шуд, бинои таълимгоҳи дорои 540 ҷой аз таъмири ҷорӣ баромада, пойгоҳи моддӣ-техникии мактаб таҷдид ёфт.

– Ният дорем, ки ин анъанаро давом дода, бинои нав созем ва ҷараёни таълиму тарбияро дар як баст ба роҳ монем, – гуфт ҷонишини директори мактаб оиди корҳои таълиму тарбия Дилфуза Ярашева.

А. Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: